Тибқи иттилои Департаменти консулӣ-ҳуқуқии ВКХ, зимни чорабинӣ имкони содда кардани расмиёти гирифтани раводид барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, барои ронандагони мошинҳои боркаш, инчунин гурӯҳҳои сайёҳӣ вориди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мегарданд, баррасӣ шуд. Дар ин бора ИА «Дунё» хабар медиҳад.
Аз ҷумла, ҷониби аврупоӣ як қатор шартҳоро муайян намуд, ки барои ворид намудани масъалаи соддасозии низоми раводид барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ҷаласаҳои Комиссияи Аврупо иҷрои онҳо зарур мебошад.
Дар натиҷаи вохӯрӣ мувофиқа ҳосил гардид, ки барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда машваратҳои минбаъдаи монанд баргузор карда шаванд.