Қарор аст, ки солҳои 2024-2025 асосноксозии техникию иқтисодӣ таҳия ва аз соли 2025 дар давоми ду-се сол ба сохтмони роҳ шурӯъ шавад. Дар ин бора LS бо такя ба Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон менависад.
"Арзиши тахминии сохтмони роҳи нақлиёти автомобилӣ 75 миллиард тенгеро (ҳудуди 172 миллион доллар), бо ҳамроҳ кардани хароҷот ба миқдори 5 миллиард тенге (11,4 миллион доллар) барои сохтмони гузаргоҳ ташкил медиҳад", - гуфтанд дар вазорат.
Тибқи интизориҳои вазорат, ин роҳ кишварҳои Осиёи Марказиро тавассути манотиқи ҷанубӣ, марказӣ ва шимолии Қазоқистон бо Русия пайваст мекунад. Роҳ як қисми долони байналмилалии «Қизилӯрда – Жезқазғон – Павлодар – сарҳади Русия» хоҳад буд.
Ба ғайр аз ин, ҷониби Ӯзбекистон дар сохтмони хати нави роҳи оҳани "Қизилӯрда -- Учқудуқ" ташаббус нишон медиҳад. Нақшаи амалиёти муштарак имзо шуд. Барои таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодӣ бояд таҳлили иқтисодӣ гузаронда шавад.
Аммо ин ягона роҳи оҳан дар нақшаҳои ҳарду кишвар нест.
Барои афзун гардондани иқтидори сайёҳӣ масъалаи сохтмони шоҳроҳи балансуръати “Туркистон – Чимкент – Тошканд” дар солҳои 2021-2024 мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин лоиҳа бузургтарин марказҳои таърихию фарҳангии Осиёи Марказиро муттаҳид намуда, интиқоли мусофиронро бо суръати 250 км/соат ба 1,9 миллион мусофир дар як сол мерасонад.
Инчунин, сохтмони хатти роҳи оҳани "Дарбаза – Мақтаарал", ки ба роҳи оҳани Ӯзбекистон мебарояд, ба дарозии 115 километр идома дорад.
Интизор меравад, ки ин роҳи оҳан масофаи транзитиро ба Афғонистон, Покистон, Туркманистон коҳиш диҳад, гузаргоҳи мавҷудаи Сариёғочро сабук гардонад, ноҳияи Мақтааралро бо роҳи оҳани асосӣ пайваст кунад, бидуни зарурат тавассути қаламрави Ӯзбекистон ҳаракат карданро фароҳам орад.