Ёдовар мешавем, ки ин ҳизб рӯзи 12 май Шавкат Мирзиёевро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда буд. Пас аз ин, он барои ширкат дар интихобот ба Комиссияи марказии интихоботӣ ҳуҷҷат пешниҳод намуда, иҷозат гирифтааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар съезд ҳизб инчунин барномаи номзадро тасдиқ кард.
Барнома аз панҷ мақсад иборат буда, якум – «Муҳайё намудани шароити мусоидтарин барои ҳар як инсон барои амалӣ намудани имкониятҳои худ».
Ҳадафи дуввуми барнома – “Таъмини рушди устувори иқтисодӣ то ки мардум аз зиндагӣ қаноатманд бошанд”.
Ҳадафи сеюми барнома ба «Сарфаи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист» нигаронида шудааст.
Мақсади чорум – «Таъмини волоияти қонун, ташкили идораи давлатӣ ба хидмати мардум».
Ҳадафи панҷум – «Ӯзбекистони Нав, давлати амн ва осоишта».
Дар съезд раиси Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров низ баромад кард. Вай аз номи ҳизби худ аз номзад ба мақоми президентии Ӯзбекистон аз ӮзЛиДеП пуштибонӣ кард.
Тибқи қарори анҷуман, ӮзЛиДеП тибқи қонун ба Комиссияи марказии интихобот бо дархости бақайдгирии номзади аз ҷониби ҳизб ба мақоми президентии Ӯзбекистон пешбаришуда муроҷиат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон раҳбари худ Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” – Робахон Маҳмудова ва Ҳизби экологӣ – Абдушукур Ҳамзаевро номзад ба мақоми президентии Ӯзбекистон пешбарӣ карданд.