Ин модел бо номи “Диелла” (дар забони албанӣ маънояш “офтоб” аст ва номи духтарона мебошад) масъули раванди харидҳои давлатӣ хоҳад буд, хабар медиҳад Telegrafi.

Сарвазири Албания Эди Рама гуфт, ки “Диелла” аввалин узви ҳукумат аст, ки воқеан вуҷуд надорад. Таъкид кард, ки модел тавассути зеҳни сунъӣ, ба таври виртуалӣ офарида шудааст.

Ба гуфтаи сарвазир “Ин модел бо мақсади эҷоди як низоми комилан шаффоф, ки дар сатҳи 100 дарсад вайрон намешавад, дар харидҳои давлатӣ истифода мегардад.”

Диелла аллакай ба платформаи рақамии давлатии Албания истифода мешавад ва ин имкон медиҳад, ки аксар аз хадамоти давлатӣ истифода баранд, хабар дод gazeta.ru.