Дар атмосфераи Офтоб сӯрохи азими панҷ маротиба васеътар аз Юпитер пайдо шуд

    Бузургтарин сӯрохи тоҷӣ дар давраи ҷорӣ дар Офтоб сабт шудааст. Дарозии он 800 ҳазор километр аст. Ин рақам аз диаметри Юпитер (140 ҳазор километр) беш аз панҷ баробар аст. Барои муқоиса, диаметри Замин 12 742 километрро ташкил медиҳад.

    Ин сӯрох ҷараёнҳои пурқуввати шамоли офтобиро мебарорад. Ҳозир он ба самти муқобил аз Замин нигаронида шудааст, вале чанд рӯз пеш дар экватори ситора буда, бевосита ба сайёраи мо «мақсад» гирифта буд. Ҷараёни зарраҳо боиси тӯфони мӯътадили геомагнитӣ шуд, менависад “Мир24”.

    Сӯрохиҳои тоҷӣ танҳо дар ултрабунафш намоёнанд. Онҳо нисбат ба гирду атроф сардтаранд, бинобар ин онҳо торик ба назар мерасанд.

    Дар айни замон Офтоб ба қуллаи фаъолияти худ наздик шуда истодааст, бинобар ин дар он торафт бештар доғ, шӯълаҳо, сӯрохиҳои тоҷ ва пошидани массаи тоҷ пайдо мешавад. Максимуми офтобӣ дар соли 2024 пешбинӣ шудааст. Пас аз ин, фаъолияти ситора тадриҷан коҳиш меёбад.

    Ҳар як давра тақрибан 11 сол давом мекунад. Олимон тағйирёбии максимумҳо ва минимумҳоро бо давраҳои магнитии Офтоб алоқаманд мекунанд, ки дар рафти он майдони магнитӣ қутби худро баргардонида, қутбҳои шимолӣ ва ҷанубӣ ҷойҳояшонро иваз мекунанд.

    Давраи ҳозираи офтобӣ назар ба интизории коршиносон хеле пурқувваттар шуд. Мувофиқи пешгӯиҳо шумораи максималии доғи офтоб ба 173 мерасад. Аммо ин рақам аз рекорди соли 1958 хеле дур аст — дар давраи 19-уми офтобӣ 285 доғи офтоб ба қайд гирифта шуда буд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates