Дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    Ҳукумат 29 Oktabr 2021 2467

    28 октябри соли 2021 тибқи талаботи муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев ҷамъомади Девони Вазирон бахшида ба баррасии натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ, инчунин вазифаҳои аввалиндараҷа оид ба таъмини суръати устувори рушди иқтисодӣ то охири сол баргузор гардид.

    Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои ҳамаҷониба ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемияи коронавирус ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, амиқсозии дигаргуниҳои сохторӣ ва суръатбахшии рушди бахшҳои иқтисодӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 6,9 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,0 фоиз, хизматрасонӣ 7,6 фоиз, корҳои сохтмонӣ 4,5 фоиз, кишоварзӣ 4,2 фоиз афзуд.

    Ба шарофати тадбирҳои саривақтии таъмини устувории нархҳо сатҳи таваррум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 фоиз коҳиш ёфт.

    Маблағгузорӣ ба иқтисодиёт 5,0 фоиз афзуд, аз ҷумла, дар доираи Барномаи давлатии сармоягузорӣ 160 лоиҳаи калон ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар, инчунин дар доираи барномаҳои минтақавии сармоягузорӣ 9013 лоиҳа ба маблағи умумии 35 триллион сӯм татбиқ шуданд.

    Самараи бевоситаи дастгирии ҳамаҷонибаи давлатии соҳибкорон дар 9 моҳи соли ҷорӣ бунёди 76,5 ҳазор субъекти нави соҳибкорӣ, ҳамчунин беш аз 332 ҳазор ҷойҳои нави корӣ гардид.

    Дар ҷамъомад ҳисоботи муовинони Сарвазир, инчунин роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва ҳокимиятҳои вилоятҳо шунида шуд. Дар назди ҳар як роҳбар вазифаҳои аввалиндараҷа гузошта шудаанд, ки тамоми захираҳои мавҷударо барои таъмин намудани суръати муътадили тараққиёти иқтисодиёт дар семоҳаи IV соли ҷорӣ сафарбар намуда, масъулияти шахсиро барои сари вақт ва пурра ҳал намудани вазифаҳои ба миён гузошташуда таъмин намоянд.

    Дар робита ба ноил шудан ба суботи макроиқтисодӣ супориш дода шуд, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби вусъати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, устувор қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба маводи озуқа ва дигар молҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷаҳиши якбораи нарх 7,0 фоиз таъмин карда шуда, бинобар ҷамъбасти соли 2021 ба на бештар аз 9,95 фоиз расондани сатҳи инфлятсияи солона ва касри буҷети маҷмӯӣ – дар доираи 5,5 фоизи ММД ба назар гирифта шавад.

    Бо мақсади бефосила бо захираҳои энергетикӣ таъмин кардани соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи тирамоҳу зимистон ба зиммаи роҳбарони комплекси сӯзишворию энергетикӣ вазифа гузошта шудааст, ки дар семоҳаи IV соли ҷорӣ ба истеъмолкунандагон 14 млрд. мукааб метр гази табиӣ ва 21,5 миллиард киловатт-соат қувваи электр расонда диҳанд, инчунин 8 станцияи электрикии дорои иқтидори умумии 1,3 ГВтро ба истифода супоранд.

    Дар назди роҳбарони комплекси саноатӣ вазифаҳои конкретӣ гузошта шуданд, ки ҳаҷми истеҳсоли солонаи саноати бофандагӣ ба 32 триллион сӯм, маҳсулоти электротехника – ба 16,7 триллион сӯм, масолеҳи бинокорӣ – то ба 9,6 триллион сӯм, чарму пойафзол ва маҳсулоти пуст – то 4,4 триллион сӯм расонда шавад.

    Дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаи хушсифату арзон ба роҳбарони масъул супориш дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ ва чорводорӣ чораҳои иловагӣ андешанд, инчунин дар майдони 810 ҳазор гектар заминҳои аз ғалла ва зироатҳои барвақтӣ нав озодшуда парвариши маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монанд.

    Дар соҳаи хизматрасонӣ зарурати то охири сол ба 302 триллион сӯм расонидани ҳаҷми хизматрасонӣ бо ифодаи арзиш, аз ҳисоби зиёд намудани шумораи рейсҳои дохилӣ аз 17 ба 43, таъмин намудани афзоиши хидматрасонии роҳи оҳан 7,0 фоиз, хидматрасонии ғайридавлатии таълимӣ – 40 фоиз, хизмати тиббӣ – 32 фоиз, хӯроки умумӣ – 21 фоиз таъкид гардид.

    Дар чорчӯби барномаҳои сармоягузорӣ дар семоҳаи IV соли равон супурда шуд, ки бо ба охир расондани татбиқи 4084 лоиҳа бо арзиши умумии 7,7 миллиард доллар, аз ҷумла 158 лоиҳаи бузурги истеҳсолӣ ба маблағи тақрибан 3,4 миллиард ва 3926 лоиҳаи минтақавӣ ба маблағи 4,3 миллиард доллар 140 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

    Вазифаҳо оид ба ташкили содироти молҳо ва хидматрасонӣ ба маблағи 4,2 миллирад доллар дар моҳҳои октябр-декабри соли равон бо роҳи дастгирии минбаъдаи содироти солонаи маҳсулот бо арзиши баланди иловагӣ дар чунин соҳаҳо ба мисли бофандагӣ, чарму пойафзор, электротехникӣ, масолеҳи бинокорӣ, абрешимбофӣ ва саноати хӯрокворӣ муайян шуданд.

    Дар соҳаи рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт ва муҳандисию коммуникатсионӣ, ба истифода додани иншооти иҷтимоӣ вазифа гузошта шуд, ки то 15 ноябри соли ҷорӣ ба истифода додани 57 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 119 муассисаи таълимии томактабӣ, таҳияи нақшаи генералии 72 шаҳр ва шаҳракҳо, инчунин 100 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо таъмин карда шаванд.

    Таваҷҷӯҳи иштирокчиёни ҷамъомад – муовинони Сарвазир, аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, ҳокимон ба зарурати бечунучаро иҷро намудани параметрҳои мақсадноки нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ ба мақсади фароҳам овардани асоси мустаҳкам барои оғози бомуваффақияти соли 2022 нигаронда шуд.

    Дар баробари ин ба онҳо супориш дода шуд, ки доир ба татбиқи пешниҳодҳои дар ҷараёни вохӯриву мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев бо интихобкунандагон, инчунин дигар номзадҳо ба мақоми Президенти кишвар расида маҷмӯи чорабиниҳоро такмил дода, ба охир расонанд.

    Аз рӯи натиҷаҳои муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул шуда, масъулияти шахсии роҳбарони ҳамаи звеноҳо барои сари вақт ва хушсифат иҷро намудани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда муайян карда шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates