Дар маросим вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Шерзод Шерматов иштирок дошт.

Осорхонаи таърихи алоқаи Ӯзбекистон яке аз калонтарин ва машҳуртарин осорхонаҳои Тошканд ба шумор меравад. Маҷмӯаи бойи он ба рушди технологияҳои коммуникатсионӣ ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон бахшида шудааст. Экспозитсияи музей таърихи дуру дарози усулҳои гуногуни алоқаро аз қадимтарин системаҳои телекоммуникатсионӣ фаро мегирад.

Бинои муосири сеошёнаи осорхона соли 2009 пайдо шуд. Дар он зиёда аз 400 экспонатҳои гуногун гирд оварда шудаанд, ки аз роҳи ташаккул ва рушди соҳаи алоқа шаҳодат медиҳанд.

Кисми зиёди намоишгоҳ ба таърихи инкишофи алоқаи телефон дар Ӯзбекистон бахшида шудааст. Дар стендҳое, ки ба Ӯзбекистон бахшида шудаанд, инҳоро дидан мумкин аст: коллексияҳои маркаҳои почта, ки дар Ӯзбекистон дар солҳои истиқлолият ба муомилот бароварда шуда буданд, карточкаҳои почтаи асри XIX, инчунин телефонҳои аз 60 сол боло.

Дар стендҳои ҶС «Ӯзбекистон почтаси» ташаккули алоқаи почтавии Ӯзбекистон, ки аз замони сулолаи Темуриён оғоз шуда, то давраи муосири рушди он ба анҷом мерасад, нишон дода шудааст.

Дар соли 1992 маркази чопии  «Маркаи Ўзбекистон» таъсис дода шуд ва ҳамон сол 7 май аввалин марка бароварда шуд. Ин марка ба 200-солагии рӯзи таваллуди шоираи бузурги халқи ӯзбек Нодирабегим бахшида шуда буд.

Дар давоми 30 сол аз ҷониби ҶС «Почтаи Ӯзбекистон» 1530 марка бароварда шуд. Аз ин шумора 275 марка ба коллексияи олами наботот, 150 марка ба олами ҳайвонот, 155 марка ба ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории муосир, 150 марка ба санъат ва фарҳанг, 177 марка ба ҷашнҳои зодрӯзи шахсиятҳои бузурги Ӯзбекистон ва 243 марка ба санаҳои ҷашнӣ бахшида шудаанд.