Дар Нуқус Олимпиадаи байналмилалии математикаи ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ баргузор мешавад

    Таълим 13 Oktabr 2023 3597

    23-29 октябри соли ҷорӣ дар Нуқус Олимпиадаи байналмилалии оид ба математикаи ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ баргузор мегардад. Он аз ҷониби Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташкил карда мешавад.

    Ёдовар мешавем, ки 26 августи соли 2018 Девони Вазирон дар бораи баргузории ин Олимпиадаи байналмилалӣ қарор қабул кард. Бинобар маълумоти он, дар ду сол як маротиба олимпиадаи байналмилалӣ оид ба математикаи ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор мешавад.

    Мақсади асосии баргузории олимпиада дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб намудани саҳми бузурги донишманди бузург дар рушди илму тамаддуни ҷаҳонӣ, инчунин дастгирии хонандагони болаёқат, ҷалби васеи онҳо ба илмҳои фундаменталиву дақиқ ва тавсеаи ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи илм мебошад.

    Ҳайати ҳакамон аз коршиносони маъруфи байналмилалии соҳаи математика, профессорону омӯзгорон аз кишварҳои ИДМ, инчунин олимони ботаҷриба, профессорон ва омӯзгорон кишварҳои ИДМ, инчунин олим-профессорони соҳибтаҷриба ва омӯзгорон-таҷрибаомӯзони кишвари мо иборатанд.

    Ба ғолибони олимпиада (шаҳрвандони Ўзбекистон) ҳуқуқи дохил шудан ба магистратура бинобар самти математика, физика ва технологияҳои иттилоотӣ дар асоси гранти давлатӣ берун аз квота дода мешавад.

    Ин ҳуқуқ баъди хатми дараҷаи бакалаврӣ се сол боқӣ мемонад.