Ғолибонро бо тантана Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои варзиш Одил Абдурахмонов, ҳамчунин роҳбарияти Вазорати варзиш, Кумитаҳои миллии олимпӣ ва паралимпӣ истиқбол карданд.
Дар «Шаҳраки олимпӣ» маросими қадрдонии параварзишгароне баргузор шуд, ки дар Бозиҳои параосиёии наврасони Дубай–2025 натиҷаҳои баланд нишон додаанд. Дар ҷараёни чорабинӣ Танзила Нарбаева паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба варзишгарон ирсол гардида буд, қироат намуд.
Шахсони расмӣ сухан ронда, параварзишгарони ҷавонро бо дастовардҳои бадастомада табрик гуфта, ба онҳо дар идомаи фаъолияти варзишӣ пирӯзиҳои нав ва натиҷаҳои боз ҳам баланд орзу карданд.
Дар доираи чорабинӣ ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои параосиёӣ, инчунин мураббиёни онҳо бо мукофотпулиҳои якдафъаина қадрдонӣ гардиданд.








