«Egypt Fabric & Yarn Expo» як чорабинии муҳими байналмилалӣ барои соҳаи нассоҷии Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна мебошад. Ин намоишгоҳ ҳар сол дар Қоҳира баргузор гардида, истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони пешбари матоъ, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ, рангҳо ва дигар маводи марбутаро ҷамъ меорад.
Бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи «Ӯзтекстилпром» дар ин чорабинӣ ширкатҳои нассоҷии ӯзбекистонии «Zelal Tekstil», «Shahrisabz Textile», «Oqsaroy Textile», «Quva Textile», «Asaka Textile», «WBM Romitex», «Vobkent Tola Cluster» ва дигарон иштирок намуданд, хабар медиҳад ИА «Дунё».
Дар ҷараёни намоишгоҳ аз ҷониби ширкатҳои нассоҷии Миср нисбат ба риштаи ӯзбекӣ таваҷҷуҳи баланд мушоҳида шуд. Аз ҷумла, матоъ ва риштаи пахтаи Ӯзбекистон барои сифати баланд ва нархҳои рақобатпазир баҳои баланд гирифтанд.
Дар доираи чорабинӣ аввалин созишномаҳои тиҷоратӣ бо соҳибкорони Миср, инчунин дигар кишварҳои Ховари Миёна, Туркия ва Чин баста шуданд.
Намоишгоҳ ҳамчун платформаи муҳим барои намоиши иқтидори саноати нассоҷии Ӯзбекистон, барқарор кардани муносибатҳои нави ҳамкорӣ ва васеъ кардани имкониятҳои содирот хидмат кард.








