Ӯзбекистон истеҳсоли шолиро зиёд мекунад

    Барои ҳосили соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ дар майдони 117,7 ҳазор гектар кишти шолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 57,1 ҳазор гектараш ба майдонҳои асосӣ рост меояд ва дар 60,6 ҳазор гектар шолӣ ҳамчун зироати дуюмдараҷа кишт карда мешавад. Дар маҷмӯъ, аз ин майдонҳо ҷамъоварӣ кардани 578 ҳазор тонна шолӣ пешбинӣ шудааст.

    Имрӯз шолӣ асосан дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Намангон, Андиҷон, Ҷиззах, Фарғона, Сурхондарё, Сирдарё ва Тошканд рӯёнда мешаванд.

    Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳо оид ба рушди минбаъдаи рӯёндани шолӣ” дар соли 2021 кишти шолӣ бо усули ниҳолшинонӣ дар камаш 20 фоизи майдони умумии шолӣ, низоми нақшакашӣ бо таҷҳизоти лазерӣ – 50 фоиз, кишти шолӣ бо тухмипошакҳои ҳозиразамон –30 фоиз анҷом дода мешавад. Дар соли 2022 афзоиши минбаъдаи ин нишондодҳо дар назар аст. Аз ҷумла, ба ҳисоби миёна ба 49,1 сентнерӣ расондани ҳосили ҳар гектар пешбинӣ шудааст.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти вазорати кишоварзӣ, шолӣ асосан бо ду роҳ: аз тухмӣ ва усули ниҳолшинонӣ кошта мешавад. Дар вақти аз тухмӣ коштан ду усули гуногун низ ба кор бурда мешавад: усули ҳозиразамон — бо тухмипошак дар як катор ё кад-кади он ва тухмӣ дастӣ кошта мешавад.

    Дар хоҷагиҳое, ки ба тухмипарварӣ махсус гардонда шудаанд, тухмиро бо тухмипошак коштан тавсия карда мешавад. Бо ин усули кишт ниҳолҳо баробар нашъунамо ёфта, ба замин часпидан кам мешавад, ҳосили ҳолӣ зиёд мешавад ва тухмии хушсифат ба даст меояд. Дар вақти бо тухмипошак коштан дар замин чигит дар чуқурии 1,5-2 сантиметр ҷойгир мешаванд. Ин усули кишт ҳангоми ба ҳар гектар 60-80 килограммӣ тухмӣ коштан 35 фоиз обро сарфа мекунад.

    Аз ҳама усулҳо, аз ҳама муфидтараш шинондан бо улуби шоҳмот мебошад. Ҳоло дар мамлакати мо усули қадимтарин ва мамултарин усули кишти пошдиҳии тухмӣ мебошад. Ба кор бурдани ин усул асосан ба шароити конкретии ноҳияҳои шоликорӣ вобаста аст. Ғайр аз ин дар як қисми шолизори ҷумҳурӣ шолӣ бо усули ниҳолшинонӣ кошта мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates