Дар Ӯзбекистон аз 1 апрел меъёри истеъмоли иҷтимоии гази табиӣ то 100 метри мукааб коҳиш меёбад

    Энергетика 1 Aprel 2025 2843

    Дар Ӯзбекистон аз 1 апрел меъёри асосии гази табиӣ дар мавсими гармидиҳӣ аз 500 метри мукааб то 100 метри мукааб кам карда мешавад. Дар ин бора ҶС «Худудгазтаъминот» хабар медиҳад.

    Тибқи қарори Девони Вазирон №204 аз соли 2024, тағйири ин меъёр дар моҳи март ба нақша гирифта шуда буд. Вале бо сабаби ҳарорати паст ва ҳавои нисбатан сардтар аз муқаррарӣ дар моҳи март, меъёри муқарраршудаи 500 метри мукааб то 1 апрели соли 2025 тибқи супориши роҳбари давлат дароз карда шуд.

    Ҳамчунин, барои 1 апрел афзоиши тарифҳо барои гази табиӣ ва неруи барқ ба нақша гирифта шуда буд. Аммо тибқи супориши Президент, он то 1 май мавқуф гузошта шуд.

    Аз 1 май, тарифҳои асосӣ барои неруи барқ (дар ҳудуди 200 кВт.соат дар як моҳ) аз 450 сӯм то 600 сӯм ва барои газ – аз 650 сӯм то 1000 сӯм зиёд мешаванд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates