Дар Ӯзбекистон барои мактаббачагон таътили зимистона то 24 январ дароз карда шуд

    Таълим 9 Yanvar 2022 3840

    Вазорати маорифи халқ хабар медиҳад, ки бо мақсади ташкили курсҳои такмили ихтисоси роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзгорон тибқи Барномаи нави таълимии миллӣ, инчунин пешгирии паҳншавии зукоми мавсимӣ дар байни хонандагон таътили зимистона то 24 январи соли 2022 дароз карда мешавад.

    Дар ин рӯзҳо барои самаранок истифода бурдани вақти хонандагон олимпиадаҳои гуногуни онлайнӣ, бозиҳои зеҳнӣ, инчунин чорабиниҳо оид ба рушди фарҳанги китобхонӣ ташкил карда мешаванд.

    Илова бар ин, дар шабакаҳои иҷтимоии вазорат ва шабакаҳои телевизионии Ширкати миллии телевизион ва радио пахши маҳфилҳои мухталиф барои мактаббачагон дар назар аст.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates