Имрӯз дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар «зангӯлаи охирин» садо медиҳад ва чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновар 472 ҳазор нафар ҷавонону духтарон таҳсили мактабиро ба анҷом расонида, ба зиндагии бузург қадам мегузоранд.

Ҳамаи шуморо самимона ва аз таҳти дил бо ин рӯйдоди фаромӯшнашаванда табрик мегӯям.

Мо дар симои шумо, фарзандони азизамон, ки имрӯз барои ояндаи худ нақша мекашанд, қувваи созандаеро мебинем, ки Ӯзбекистони Навро дар тамоми ҷаҳон машҳур хоҳад кард.

Имсол бори аввал зиёда аз 11 ҳазор нафар хатмкунандагон мактабро бо медалҳои тиллоӣ ва нуқра хатм намуданд. Бовар дорам, ки ин ҷавонону духтарони ҳадафманд барои ҳамсолони худ намуна гардида, дар оянда ба рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Мо тамоми қувваю имкониятҳоро сафарбар мекунем, то ҳар як хатмкунандаи мактаб дар зиндагӣ ҷойгоҳи муносиб пайдо намояд.

Хатмкунандаи имрӯза — муҳандис, табиб, олим, шоир, нависанда ва соҳибкори фардост. Хатмкунандаи имрӯз — бунёдгузори Эҳёи Сеюм аст. Шумо бузургтарин умед ва такягоҳи Ӯзбекистони Нав ҳастед.

207 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 643 техникуми кишвар омодаанд, ки ба шумо донишҳои муосир, касбу ҳунар ва ихтисос омӯзонанд. Ҷавонони боэътимоди мо ҳанӯз мактабро хатм накарда, ба донишгоҳҳои пешсафи Ӯзбекистон ва ҷаҳон дохил мешаванд. Аз ҷумла, 171 нафар хатмкунанда ба донишгоҳҳои маъруфи хориҷӣ қабул гардиданд ва ҳазорон нафари дигар — ба донишгоҳҳои кишвар.

Ин ҷавонписарону духтарон, инчунин падару модарон ва омӯзгорони онҳоро бо чунин дастовардҳо самимона табрик мегӯям!

Хатмкунандагони азиз!

Шумо мебинед, ки ҳаёт ва талаботи бозори меҳнат чӣ гуна босуръат тағйир меёбанд. Касбҳои нав ба нав пайдо мешаванд. Донистани забонҳои хориҷӣ ва касби серталаб, саводи компютерӣ ва малакаи мустақилона ба даст овардани даромад ба зарурати муҳим табдил ёфтааст. Акнун дар бозори меҳнат пеш аз ҳама на «ҳуҷҷат», балки дониш, малака ва қобилияти ба даст овардани натиҷа қадр карда мешавад.

Хатмкунандаи имрӯзаи як мактаби одии деҳот метавонад фардо олими шинохтаи ҷаҳон гардад. Ҷавоне, ки имрӯз дар назди худ ҳадафҳои бузург мегузорад ва ҳамеша дар ҷустуҷӯст, дар оянда технологияҳое эҷод мекунад, ки ба миллионҳо нафар хизмат хоҳанд кард. Духтаре, ки имрӯз китоб мехонад, фардо фарзандоне тарбия мекунад, ки рушди кишварро ба сатҳи нав мебароранд.

Аз ин рӯ, ҳар яки шумо бояд кӯшиш намоед, ки ҳадди ақал як забони хориҷӣ ва як касби муосирро аз худ кунед. Ин барои шумо дарҳои ояндаро боз намуда, имконияту ҳавасмандии иловагӣ фароҳам меорад.

Ба ҷавононе, ки мехоҳанд соҳибкор шаванд, бонкҳо имсол дар маҷмӯъ 25 триллион сӯм қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунанд. Барои хатмкунандагоне, ки лоиҳаҳои стартапиро оғоз менамоянд, дар маҷмӯъ 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Бузургтарин ширкатҳои IT омодаанд ҳар сол на камтар аз 50 ҳазор хатмкунандаро дар соҳаи зеҳни сунъӣ омӯзонида, онҳоро бо ҷойҳои кори сердаромад таъмин намоянд. Дар солҳои оянда мо 168 ҳазор гектар боғҳои саноатии суперинтенсивӣ бунёд мекунем. Ман ҳамеша ҷавононеро, ки мехоҳанд дар чунин лоиҳаҳо иштирок намоянд, дастгирӣ хоҳам кард.

Шумо ҳатман дар ин соҳаҳои нав мутахассисони ҳақиқӣ хоҳед шуд!

Ҷавонписарону духтарони азиз!

Дар замони босуръат тағйирёбандаи мо муҳимтарин вазифа — омода будан ба ҳаёт ва талаботи рӯзафзуни он мебошад.

Дар ин роҳ китоб дӯсти наздиктарин ва ёвари асосии шумост. Зеро китоб манбаи нур, дониш ва ҳикмат аст. Шахсе, ки китобҳои зиёд мехонад, иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дорад ва ҳеҷ гоҳ аз роҳи дуруст намегардад.

Имрӯз дар ҳаёти мо ҷавонони қаҳрамоне кам нестанд, ки дастовардҳояшон барои шумо намуна мебошад. Варзишгарони маъруф, аз ҷумла Ҷавоҳир Синдоров, Нодирбек Абдусатторов, Абдуқодир Ҳусанов, ки ҳамагӣ чор-панҷ сол пеш мактабро хатм карда буданд, имрӯз ҷаҳонро бо дастовардҳои худ дар шатранҷ ва футбол ба ҳайрат меоранд.

Филми кӯтоҳметражи синамогарони ҷавони мо сазовори Гран-прии фестивали синамои фарогир гардид, ки дар доираи Фестивали байналмилалии синамои Канн баргузор шуд.

Чанд рӯз пеш мо тими миллии футболро ботантана ба чемпионати ҷаҳон гусел намудем.

Дар таърихи мо чунин дастовардҳои дурахшон, ки ҳамаро саршори ифтихор  мегардонанд, ҳанӯз набуданд.

Шумо мебинед, ки ҷавонони Ӯзбекистони Нав, агар бо тамоми қалб ба сӯи ҳадаф ҳаракат кунанд, ба чӣ гуна қуллаҳои баланд расида метавонанд!

Бовар дорам, ки дар байни шумо низ қаҳрамонони ояндаи миллӣ ҳастанд, ки мояи ифтихори Ӯзбекистони Нав хоҳанд шуд!

Дар ин ҷаҳон ҳар инсони оқил мехоҳад боварии падару модар, устодон ва халқро сазовор шавад. Дар асл, барои инсон ҳамин бузургтарин саодат ва шарафи олӣ мебошад.

Имрӯз шумо мактабро хатм кардед, аммо мактаби зиндагии бузург акнун оғоз мешавад. Ба шумо орзу менамоям, ки дар ин роҳ чунин саодати бемислро ба даст оред.

Бо ҷасорат дар назди худ ҳадафҳои бузург гузоред!

Ба худ бовар кунед ва бо эътимод ба пеш ҳаракат намоед!

Насле бошед, ки бо рӯҳи дигаргуниҳои нек зиндагӣ мекунад!

Бигзор қадамҳои аввалини шумо дар ин роҳ пурбаракат ва самарабахш бошанд!

Бигзор ҳамеша муваффақият ҳамроҳи шумо бошад, фарзандони азизи ман, ба шумо хушбахтӣ орзумандам!

 Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон