Дар бораи сохтмони инфрасохтор ва лоиҳаҳои аввали сармоягузорӣ маълумот пешниҳод шуд
Сарвари давлат бо ҷараёни сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсияи муҳандисии Тошканди Нав шинос шуд.
Тавре маълум аст, 3 апрели соли ҷорӣ дар Тошканди Нав сохтмони аввалин объектҳо оғоз ёфт. Президенти кишвари мо таъкид кард, ки ин лоиҳаи васеъҳаҷм маҳз аз муассисаҳои илмӣ-омӯзишӣ оғоз мешавад ва зикр намуд: «Онҳо асос ва таҷассумгари намунавии ғояи мо оид ба бунёди ҷомеаи маърифатпарвар мешаванд».