Нақшаҳои рушди технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 27 декабр бо тақдимоти нақшаҳо оид ба рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ ва телекоммуникатсияҳо шинос шуд.

    Дар Стратегияи «Ӯзбекистон - 2030» вазифа гузошта шудааст, ки кишвари мо ба маркази минтақавии IT табдил дода шавад. Дар доираи ин мақсад технологияҳои рақамӣ пайваста ривоҷ меёбанд: дар тамоми минтақаҳо IT-паркҳо ташкил шуда, имкониятҳо барои омӯзиш ва кор дар ин соҳа густариш ёфтанд. Суръат ва доираи дастрасӣ ба интернет зиёд гардид. Беш аз 190 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

    Дар солҳои охир дар соҳа 3 миллиард доллар сармоя аз худ карда шудааст. Миқдори корхонаҳо бо иштироки сармояҳои хориҷӣ дар муқоиса бо соли 2017 8,5 баробар афзуда, аз 1000 зиёд шуд. Имрӯз ҳар даҳумин корхона дар соҳа ширкати байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Агар ҳафт сол пеш дар кишвар ҳамагӣ 12 корхонаи содиротӣ вуҷуд дошта бошад, соли ҷорӣ шумораи онҳо ба 650 расид. Ҳаҷми содироти технологияҳои иттилоотӣ ва хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ то охири сол аз 900 миллион доллар мегузарад.

    Истифодаи зеҳни сунъӣ низ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт густариш меёбад. Дар асоси технологияи мазкур аллакай зиёда аз 200 лоиҳа амалӣ гардида, 70 лоиҳаи дигар аз рӯи соҳаҳои ҷудогона ва корхонаҳои калон таҳия шудааст. Ӯзбекистон дар индекси байналмилалии омодагӣ ба зеҳни сунъӣ 17 зина боло рафт.

    Дар идомаи таваҷҷуҳи махсус ба ин самт 14 октябри соли равон бо қарори Президенти Ӯзбекистон Стратегияи рушди технологияи зеҳни сунъӣ то соли 2030 қабул шуд. Дар он чораҳо оид ба зиёд кардани ҳиссаи маҳсулоти барномавӣ ва хидмат дар асоси зеҳни сунъӣ, тавсеаи инфрасохтори техникӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо муайян шудаанд.

    Дар ҷамъомад вазири технологияҳои рақамӣ нақшаҳои соли ояндаро муаррифӣ кард.

    Аз ҷумла, дар вилоятҳои Бухоро, Фарғона ва Тошканд маркази маълумотҳои «абрӣ» ба истифода дода мешаванд. Барои дастгирии стартапҳо дар Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ва Донишгоҳи Инха лабораторияҳои зеҳни сунъӣ боз мегарданд. 3 ҳазор кормандони мақомоти давлатӣ инчунин ҳокимон ва муовинони онҳо дар ин соҳа аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки шумораи лоиҳаҳо дар пойгоҳи зеҳни сунъӣ ба 100 адад, ҳаҷми маҳсулоти барномавӣ ва хидматрасониро ба 50 миллион доллар расонанд.

    Трансформатсия, ки дар корхонаҳои соҳавӣ оғоз ёфтааст, натиҷаҳои мусбат нишон медиҳад. Танҳо дар соли ҷорӣ ҳаҷми хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ 16 фоиз афзуда, ба 21 триллион сӯм расид. Даромади ширкати «Ӯзбектелеком» аз 9 триллион сӯм зиёд шуд.

    Таъкид гардид, ки соли оянда ширкат бояд системаи идоракунии худро пурра рақамӣ сохта, хароҷотро коҳиш диҳад, тамоюлҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративиро татбиқ кунад ва рейтинги байналмилалиро ба даст орад.

    Дар низоми «Ӯзбекистон почтаси» низ тағйиротҳо ба амал меоянд. Соли ҷорӣ даромадҳо 1,4 маротиба афзуда, содирот 20 фоиз зиёд шудааст. Ба туфайли ҷорӣ кардани намудҳои нави хидматрасонӣ шумораи фиристодани маҳсулот 50 фоиз афзоиш ёфт.

    Бар асоси нақшаҳо, соли оянда дар 1600 шуъбаи почта хидмати супурдани маҳсулоти майдончаҳои савдои электронӣ ҷорӣ карда мешавад. Маркази рақамии хел-хелкунии маҳсулот ифтитоҳ хоҳад ёфт, ки сифати коркарди чунин маҳсулот ва фиристодаи почтаро беҳтар мекунад. Барои татбиқи ин мақсадҳо маблағҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалб карда мешаванд.

    Заминаи муҳим барои соҳа қонун «Дар бораи телекоммуникатсияҳо» дар таҳрири нав қабул гардид. Ба он такя намуда, дар қисмати соҳаҳо ва минтақаҳо барномаи дусолаи рақамисозӣ таҳия мешавад.

    Аз ҷумла, соли оянда бунёд намудани 6 ҳазор истгоҳи нави асосӣ ба нақша гирифта шудааст. 30 ҳазор километр кабелҳои нахи оптикӣ кашида мешавад, ки фарогирии хидматрасониҳоро то 98 фоиз зиёд мекунад. Тадбирҳо оиди то ба 1,2 миллиард доллар расондани ҳаҷми содирот дар соҳа андешида хоҳанд шуд.

    Таҳияи қонун дар бораи Маркази байналмилалии технологияҳои рақамӣ боз як рӯйдоди муҳими соҳа хоҳад гардид, ки бо ташаббуси роҳбари давлат ташкил карда мешавад. Дар марказе, ки «Enterprise Uzbekistan» ном гирифтааст, тамоюлҳои ҳуқуқи англисӣ, ҳаракати озоди сармоя, стандартҳои байналмилалии муносибатҳои меҳнатӣ ҷорӣ гардида, инчунин фаъолияти филиалҳои бонкҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.

    Дар тақдимот оид ба ташкили заминаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, рушди таълим дар соҳаи технологияҳои рақамӣ супоришот дода шуданд.