Имрӯз сарвари давлат бо ҷараёни сохтмони объектҳо шинос шуд.
Аз ҷумла, бинои нави Китобхонаи миллии Ӯзбекистон. Ин маҷмааи чорқабата, ки дар услуби миллӣ тарроҳӣ шудааст, дар масоҳати 30 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шуда, метавонад якбора ба 1 420 хонанда хизмат расонад.
Барои нигоҳдории нашрияҳои фонди китобхона насби таҷҳизоти махсусе пешбинӣ шудааст, ки баҳисобгирӣ, бехатарӣ ва безараргардонии китобҳоро таъмин мекунад. Ғайр аз ин, бино бисёрфунксионалӣ хоҳад буд: барои меҳмонон қаҳвахона бо 300 ҷой, галерея, майдонҳо барои машғулиятҳои варзишӣ ва дигар шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.
– Тавре ман қаблан гуфта будам, мо ду раги ҳаётӣ ва ду сутуни асосӣ дорем: яке иқтисодиёт ва дигаре маънавиёт аст. Миллати маънавяташ бузург дар иқтисодиёт низ бузург мешавад. Ҷавонони донишманд ворисони шоистаи ниёгони бузург, инсонҳои дорои тафаккури васеъ, ифтихори миллӣ ва камолот хоҳанд буд. Аз ин рӯ, мо сохтмони шаҳри нави худро аз марказҳои маърифат оғоз мекунем. Ин муассисаҳо бояд манбаъҳои маънавият, маърифат ва илм барои садсолаҳои оянда бошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент инчунин таъкид кард, ки кормандони китобхона бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд, технологияҳои иттилоотии пешрафтаро донанд ва малакаҳои хизматрасониро дошта бошанд. Дар ин замина, вазифа гузошта шуд, ки сифати омодасозии китобдорон дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта шавад. Илова бар ин, кушодани филиалҳои китобхона дар 14 шаҳри кишвар бо мақсади рушди фарҳанги китобхонӣ дар минтақаҳо пешниҳод гардид.
Дар шаҳри нав кампусҳои замонавӣ барои Донишгоҳи давлатии педагогии Тошканд ва Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» сохта мешаванд. Президент бо рафти корҳо шинос шуд.
Айни замон ҳафт факултаи Донишгоҳи давлатии педагогии Тошканд дар биноҳои гуногун ҷойгир буда, бисёре аз онҳо куҳна шудаанд. Аз ин рӯ, дар масоҳати 40 гектар биноҳои таълимӣ барои 20 ҳазор донишҷӯ сохта мешаванд. Ҳамчунин хобгоҳ барои 5 ҳазор нафар, кӯдакистон барои 300 нафар, мактаб барои 616 хонанда, литсейи академӣ бо 588 ҷой, кохҳои варзиш ва фарҳанг, амфитеатр ва дигар иншоотҳо бунёд хоҳанд шуд. Ба таври умум, кластери инноватсионии педагогӣ бо принсипи «кӯдакистон — мактаб — донишгоҳ» бо дарназардошти таҷрибаи донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ташкил карда мешавад.
Барои омӯзгорон ва донишҷӯён шароити муосиртарин фароҳам оварда мешавад. Гузариш ба таълими якзинагӣ ва татбиқи низоми таҳсилоти дуалӣ сифати раванди таълим ва омодасозии амалиро баланд мебардоранд.
Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав», ки бо ташаббуси сарвари давлат таъсис ёфтааст, марҳилаи наве дар системаи таҳсилоти олӣ гардид. Барномаҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои олмонии таълим таҳия шуда, устодону мутахассисони донишгоҳҳои пешқадами ҷаҳон ҷалб шудаанд. Ҳар сол шумораи бештари ҷавонон хоҳиши дохил шудан ба ин донишгоҳро доранд ва айни замон дар он зиёда аз ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.
Сохтмони маҷмааи нави донишгоҳ дар се марҳила сурат мегирад. Дар марҳилаи аввал биноҳои таълимӣ ва ректорати донишгоҳ сохта мешаванд. Дар оянда панҷ факулта барои 10 ҳазор донишҷӯ ва ректорате, ки метавонад якбора ба 8 ҳазор нафар хизмат расонад, ташкил хоҳад шуд. Ҳамчунин китобхона, осорхона, толори намоишӣ, кабинети мултимедиявӣ, маҷмааи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта хоҳанд шуд.
Илова бар ин, ҷойҳои истиқоматӣ барои 286 омӯзгор ва хобгоҳ барои 2 ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудаанд.
Сарвари давлат, таъкид сохт, ки ин лоиҳаҳо аҳамияти бузург доранд, зарурати ташкилоти оқилонаи раванди таълимро қайд кард.
– Ин муассисаҳои маърифатӣ — сармоягузорӣ ба ҷавонон мебошанд. Самтҳо, барномаҳо, сифати таълим ва ихтисосҳо бояд ба ҳадафҳое, ки мо дар Ӯзбекистони Нав дорем, мувофиқат кунанд. Онҳое, ки имрӯз дониш мегиранд, дар оянда калиди пешрафти кишвар ва ҳалли масъалаҳои муҳим хоҳанд буд, — изҳор дошт Президент.