Паёми Президент Шавкат Мирзиёев ба иштирокдорони маросими бахшида ба оғози сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон

    Шуморо дар маросими оғози сохтмони шоҳроҳи нави роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон самимона муборакбод менамоям.

    Муҳтарам иштирокдорони тадбир!

    Ним сол муқаддам аввалин Муоҳидаи мукаммал дар бораи татбиқ сохтани ин лоиҳаи стратегии нақлиёти минтақавӣ ба имзо расида буд. Тӯли муҳлати кӯтоҳ омодасозии ҳуҷҷатҳои техникӣ анҷом ёфт. Имрӯз бошад, мо бевосита ба корҳои сохтмонӣ оғоз мебахшем.

    Ин, воқеан ҳодисаи таърихист, ки барои он кишварҳои бародари мо тӯли 30 сол саъй доштанд.

    Шоҳроҳи нави нақлиётии таъиноти байналхалқӣ бунёд меёбад.

    Он минтақаи Осиёи Марказиро бо Чин бо роҳи кӯтоҳтарин мепайвандад, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ва мустаҳкам шудани шарикии стратегии давлатҳои мо мусоидат мекунад.

    Лоиҳаи мазкур ҳамчунин комилан ба ҳадафҳои ташаббуси «Хатҳо ва роҳҳо», ки алҳол бисёр кишварҳои ҷаҳонро барои пешрафту шукуфоии муштараки устувор муттаҳид месозад, мувофиқат мекунад.

    Вобаста ба ин мехостам бори дигар ба ҳамкорони муҳтарами хеш – Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Си Сизинпин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Нургожоевич Ҷапаров барои саҳми шахсӣ ва саъю кӯшишҳои фаъолашон бобати пешбурди лоиҳа миннатдории худро изҳор намоям.

    Муҳтарам иштирокдорони маросим!

    Мехостам самаранокии бузурги сохтмони роҳи оҳани навро барои иқтисодиёти кишварҳои мо ва минтақаи васеъамон махсус таъкид кунам.

    Ин лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ кооператсияи васеъро дар пояи қарорҳои пешқадами муҳандисӣ, инноватсионӣ ва рақамӣ бо риоя ба меъёрҳои олии экологӣ пешбинӣ менамояд.

    Бинобар хатсайри Қашғар – Толугард – Макмал – Ҷалолобод – Андиҷон 20 истгоҳ, 42 пул ва 25 нақб сохтаву кофта мешаванд.

    Ғайр аз ин, инфрасохтори замонавии нақлиётиву логистикӣ, анбор ва терминалҳо бунёд хоҳанд шуд.

    Мувофиқи пешгӯиҳо ба истифода супурдани шоҳроҳи мазкур ба чандин маротиба афзудани миқёси савдо ва сармояҳои минтақавӣ, ба дараҷаи назаррас коҳиш ёфтани бозистиҳои нақлиётӣ ва кашфи иқтидорҳои азими нақлиёти Осиёи Марказӣ хидмат мекунад.

    Мехоҳам боз якчанд рақамро зикр кунам.

    Ҳаҷми солонаи боркашонӣ бинобар гузаргоҳи мо то 15 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.

    Масофа ва муҳлати расондани борҳо аз Чин ба кишварҳои Аврупо чандин ҳазор километр ва тақрибан ба як ҳафта коҳиш меёбанд.

    Имконияти ба роҳ мондани мусофиркашонии мунтазам ба миён меояд.

    Дар пешомад ин хатти роҳи оҳан ва Гузаргоҳи трансафғонӣ имкон медиҳанд робитаи тарафайни нақлиётиву коммуникатсионии Чин, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба таври самарабахш муттаҳид ва пурзӯр карда шаванд.

    Равшан аст, ки тамоми кишварҳои мо манфиатҳои иқтисодиро эҳсос менамоянд. Садҳо корхонаҳои нав сохта ва даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил карда мешаванд.

    Ҳамчунин, бешубҳа лоиҳаи мазкур ба эҳёи Шоҳроҳи абрешим, рушди мубодилаи фарҳангиву инсонпарварона, қаробати минбаъдаи халқҳои мо мусоидат хоҳад кард.

    Дӯстони азиз!

    Ӯзбекистон ният дорад дар тамоми давраҳои сохтмони роҳи оҳан фаъолона иштирок кунад, кулли захираҳои мавҷудаи техникӣ ва зеҳнии худро пурра сафарбар намояд.

    Муътақидам, ки бо саъю кӯшишҳои муштарак ин гузаргоҳи нақлиётӣ боз як рамзи дӯстӣ, шарикӣ ва пешрафти мустаҳками мо мегардад.

    Дар арафаи Соли нав мехоҳам ба муҳандисон, сохтмончиён, тамоми онҳое, ки дар татбиқсозии ин лоиҳаи стратегӣ иштирок доранд, комёбиҳои бузург орзу кунам.

    Имрӯз бо дастони Шумо ояндаи умумии кишварҳои мо, минтақаи мо бунёд меёбад.

    Барои эътиборатон ташаккур.



    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates