Дар бораи сохтмони инфрасохтор ва лоиҳаҳои аввали сармоягузорӣ маълумот пешниҳод шуд

    Сарвари давлат бо ҷараёни сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсияи муҳандисии Тошканди Нав шинос шуд.

    Тавре маълум аст, шаҳр барои 1 миллион сокин пешбинӣ шудааст, ки ин инфрасохтори мувофиқро бо назардошти истифодабарии дарозмуддат тақозо менамояд. Дар ин замина, корҳои бузурги муҳандисии зеризаминӣ амалӣ шуда истодаанд, ки барои сохтмонҳои ояндаи бузург таҳкурсӣ мегузорад.

    Ба нақша гирифта шудааст, ки дар шаҳри нав инфрасохтор, ҳаёти рӯзмарра ва экология дар ҳамоҳангӣ бо ҳам вуҷуд дошта бошанд. Масалан, фароҳам овардани низоми экологии нақлиёт пешбинӣ шудааст — ҳаракати метро ва автобусҳои барқӣ бо ҳам алоқаманд хоҳанд буд. Барои нақлиёт 14 нақб сохта, таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои 100 ҳазор мошин муҷаҳҳаз карда мешаванд. Илова бар ин, шароити комил барои ҳаракати бемонеа ва бехатари пиёдагардон ва велосипедронҳо фароҳам оварда мешавад.

    Дар яке аз чорроҳаҳои оянда ҳоло рехтани таҳкурсӣ барои сутунҳо ва корҳои гидроизолятсионӣ идома доранд. Президент бо ин равандҳо шинос шуд. Оид ба истифодаи маводҳои босифат ва ба таъсироти беруна устувор дастурҳо дода шуданд.

    Дар айни ҳол, сохтмони коллекторҳои якқисмаву дуқисмаи муҳандисӣ оғоз шудааст, ки аз тариқи онҳо зери замин шабакаҳои гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ, барқтаъминкунӣ ва телекоммуникатсия мегузаранд.

    Дар шаҳр технологияҳои «оқил» бо назардошти талаботи муосири урбанизатсия истифода хоҳанд шуд. Дар ин ҷо аввалин бор дар кишвар истгоҳи «тригератсионӣ» сохта мешавад. Оби партов бо истифода аз технологияи муосир коркард шуда, барои обёрӣ ва эҳтиёҷоти техникӣ равона карда мешавад.

    Ба Президент ҳамчунин лоиҳаҳое, ки дар доираи марҳилаи аввали сохтмони Тошканди Нав пешбинӣ шудаанд, муаррифӣ гардиданд. Ғолибони савдощои музояда, ки қитъаҳои замин ба онҳо дода шуданд, ташаббусҳои сармоягузории худро пешниҳод карданд.

    Тошканди Нав таваҷҷуҳи сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷиро ҷалб мекунад. Дар доираи марҳилаи аввал сохтмони 11 маҷмааи бисёрфунксионалӣ (mixed-use), инчунин меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо бо арзиши умумии 490 миллион доллари ИМА оғоз шудааст. Иншооти истиқоматӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ минтақаи мазкурро зинда ва ҷолиб мегардонанд. Ҳамзамон, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳое, ки дар услуби нодири меъморӣ сохта мешаванд, ба меҳмонон хизматрасонии сатҳи баланд пешниҳод карда, шаҳрро ба як маркази сайёҳӣ табдил медиҳанд.

    Дар соли оянда қитъаҳои замин барои марҳилаҳои минбаъда ба музояда гузошта мешаванд. Дар ҳар марҳила имкониятҳо ва лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ пешниҳод мегарданд. Ин на танҳо ба рушди минбаъдаи шаҳр мусоидат мекунад, балки боиси созмон додани ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии тиҷорати маҳаллӣ хоҳад шуд.

    Дар маҷмӯъ, дар оянда дар Тошканди Нав ташкил кардани тақрибан 200 ҳазор ҷойҳои кории сердаромад тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ пешбинӣ шудааст. Барои ин, технопаркҳо, боғи IT, кластерҳои таълимӣ ва тиббӣ таъсис дода мешаванд.