Ба донишгоҳи “Ӯзбекистони нав” асос гузошта  шуд

    Ҳукумат 23 Iyun 2021 13691

    Президент Шавкат Мирзиёев 23 июн бо тақдимот дар бораи чораҳои ташкили раванди таълим дар донишгоҳи “Ӯзбекистони нав”  шинос шуд.

    Мавҷудияти мутахассисони баландихтисос барои рушд ва ояндаи ҳар як кишвар аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар Ӯзбекистон, ки дар тамоми соҳаҳо дар назди худ вазифаҳои азим гузоштааст, ба сифати таълим ва тайёр кардани кадрҳои формасияи нав дар сатҳи сиёсати давлатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.

    Дар ҳамаи минтақаҳо мактабҳои президентӣ ва махсус ташкил карда шудаанд. Ин дар баробари пурзӯр гардондани хоҳиши ҷавонон ба донишандӯзӣ ва малака, интихоби дурусти касби оянда, эътимоди ҳамватанони моро ба муваффақиятҳои ислоҳоти соҳаи таълим мустаҳкам кард.

    Сарвари давлат қайд кард, ки дар ҷавонони таҳсилкарда "фонди тиллоии" мамлакатамонро мебинад. Имсол авлоди нави ҷавонон мактабро хатм мекунанд. Барои фароҳам овардани шароити муосиртарин барои таҳсил дар кишвар бо ташаббуси Президент донишгоҳи "Ӯзбекистони нав" таъсис дода мешавад.

    Донишгоҳ дар шакли муассисаи олии таълимии давлатӣ ташкил карда мешавад, ки вазифаҳои асосии он аз: омода кардани кадрҳои умедбахши дорои малака ва салоҳияти олии касбӣ дар асоси барномаҳои таълимии донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, рушди қобилиятҳои зеҳнии донишҷӯён ва фароҳам овардани муҳити ҳамаҷонибаи мусоид барои ин иборатанд.

    Бо ин мақсад, раванди таълим дар донишгоҳи нав дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ ташкил карда мешавад. Масалан, имтиҳонҳои қабулро донишгоҳи Кембриҷ баргузор менамояд. Нақшаҳо ва барномаҳо дар якҷоягӣ бо донишкадаи технологии Массачусет ва Донишгоҳи техникии Мюнхен таҳия карда мешаванд. Ин донишгоҳҳо инчунин дар назорати сифати таҳсилот, таъминоти лабораторияҳо ва китобхонаҳо кӯмак мерасонанд.

    Панҷ факулта хоҳад буд: муҳандисӣ, илмҳои табиӣ, менеҷмент, агротехнология ва технологияи иттилоотӣ. Омӯзиш бо забонҳои давлатӣ ва англисӣ, тибқи низоми кредитии модулӣ, дар асоси грант ва пуливу қарордодӣ гузаронида мешавад.

    Биноҳои таълимӣ ва кампусҳои муассисаи таълимӣ бо сертификатҳои байналмилалии BREEAM мувофиқат мекунанд. Оғози соли якуми хониш моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. То ба итмом расидани сохтмони бинои нав омӯзиш муваққатан дар биноҳои истифоданашудаи Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия баргузор мешавад.

    Яке аз вазифаҳои асосии донишгоҳ инчунин гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар асоси эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт, ҷалби васеи донишҷӯён ба фаъолияти илмию инноватсионӣ мебошад. Бо ин мақсад, донишгоҳ бо донишгоҳҳои пешрафта ва марказҳои илмию тадқиқотии ҷаҳон ҳамкорӣ хоҳад карда, маҷаллаи илмӣ таъсис дода мешавад.

    Сарвари давлат оид ба ташкили равандҳои қабул ва таълим дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ, таъмини ҳамгироии самарабахши илм, таълим ва истеҳсолот дастурҳо дод.

    - Донишҷӯёни донишгоҳ аз соли аввал бояд ба соҳаҳои иқтисодиёт ва марказҳои илмӣ вобаста карда шаванд. Муҳимаш он аст, ки вазоратҳо, донишкадаҳои бонуфуз ва ширкатҳои калон дар шӯрои парасторони донишгоҳ ширкат варзанд. Онҳо бояд ниёзҳои худро эълом кунанд, ба раванди таълим ҳамгиро шаванд, пешакӣ ба мутахассисони оянда сармоягузорӣ кунанд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент тадбирҳои пешниҳодшударо тасдиқ кард ва ба қарор дар бораи таъсиси донишгоҳи “Ӯзбекистони нав” имзо кард.

    Дар маросими тақдимот инчунин чораҳо оид ба такмил додани фаъолияти мактабҳои президентӣ, тахассусӣ ва эҷодӣ муҳокима шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates