Оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи ҷавонон вазифаҳои иловагӣ муайян шуданд

    Ҳукумат 10 Sentabr 2021 3907

    Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 10 сентябр ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландмалака дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва кори бонизом бо ҷавонони соҳибистеъдод баргузор гардид.

    Иқтисодиёти рақамӣ чун яке аз пойгоҳҳои рушди мамлакат муайян карда шуд. Бо ин мақсад татбиқи стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ – 2030» шурӯъ гардид. Дар доираи он 89 лоиҳа дар минтақаҳо ва беш аз 200 лоиҳа дар соҳаҳо татбиқ гаштааст.

    Аз аввали сол миқдори резидентҳои IT-паркҳо 35 фоиз афзуд, аз ҷониби онҳо беш аз 6 ҳазор ҷойи нави кор ба вуҷуд оварда шуд. Содироти маҳсулоти барномавӣ дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ 26 миллион долларро ташкил кард. Дар се соли наздик дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт татбиқ намудани боз 300 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.

    Барои таъмини ин лоиҳаҳо ва умуман соҳаҳои IT бо мутахассисони баландмалака дар ҳамкорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб лоиҳаи «Як миллион барномасоз» ба амал татбиқ мегардад. То ҳоли ҳозир 567 ҳазор ҷавонон бепул таълим дода шуданд. Шоистаи зикр аст, ки 79 фоизи онҳо хонандагони мактабҳо мебошанд.

    Дар оғози чорабинӣ вазири оид ба корҳои ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб Муҳаммад бин Абдулло ал-Гергавӣ, ки дар ҷамъомад аз тариқи видеоконфронсалоқа ширкат намуд, дар бобати аҳамияти лоиҳаи мазкур табодули афкор намуд.

    Дар ҷамъомад масъалаҳои беҳсозии шароит ва васеъ намудани фарогирӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ муҳокима гардиданд.

    Таъкид шуд, ки дар лоиҳаи «Як миллион барномасоз» аз 2 ҳазор мактаб ягон хонанда иштирок накард.

    Роҳбари давлат аҳамияти то ҳар як мактаб расондани лоиҳаро таъкид кард, зимни зарурат бо компутерҳо барилова муҷаҳҳаз намудани мактабҳо, васеъ ҷалб намудани бачагон ба лоиҳа зикр гардид.

    – Ягон мактаб аз лоиҳаи «Як миллион барномасоз» набояд дар канор монад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Инчунин ишора гардид, ки чунин курсҳо дар пойгоҳи марказҳои ҷавонон ва мономарказҳои «Ишга марҳамат» дар маҳалҳо ташкил хоҳанд гардид.

    Имрӯз дар мамлакат 100 мактабе, ки ба технологияи иттилоотӣ ихтисос меёбад, фаъолият дорад. Дар ду соли наздик афзудани теъдоди онҳо то 205 ва таълим додан ба беш аз 30 ҳазор хонанда ба нақша гирифта шудааст.

    Бинобар ин ба шахсони масъул қаблан омода намудани педагогҳо барои ин мактабҳо, техника ва барномаҳои таълимӣ супориш дода шуд.

    Боз як навгонӣ ин аст, ки аз 1 октябри соли ҷорӣ дар тамоми минтақаҳо 14 техникуми IT кушода мешавад. Дар онҳо қариб 8 ҳазор ҷавонон аз рӯи чунин самтҳо мисли муҳандисии барномавӣ, бехатарии иттилоотӣ ва телекоммуникатсия таълим мегиранд.

    Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои мустаҳкамсозии пойгоҳҳои моддиву техникии техникумҳо муҳокима гардиданд.

    Дар тарбияи кадрҳо марказҳои таълимӣ нақши муҳим доранд. Аз он ҷумла ШС «Алоқа-бонк» таъсис додани фонди венчурро бо сармояи аслӣ дар миқдори 80 миллиард сӯм ва Маркази рушди дониши IT-ро ба нақша гирифтааст. Дар зарфи панҷ соли оянда марказ 100 ҳазор нафар ҷавононро дар бобати таҳияи таъмини барномавӣ, замимаи мобилӣ ва маъмурияти шабакавӣ ихтисосан таълим медиҳад.

    Ғайр аз ин ҳоло 151 маркази таълими технологияи рақамӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо имсол беш аз 27 ҳазор нафар шунаванда таълим гирифтанд. Ба аҳамияти васеъ намудани фаъолияти ин марказҳо, ба вуҷуд овардани чунин муассисаҳои таълимӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ишора гардид.

    Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои баланд бардоштани сифати ҷараёни таълимиву тарбиявӣ дар мактабҳои Президентӣ, махсус ва эҷодӣ муҳокима гардиданд.

    Ҳоло дар чор мактаби президентӣ 576 нафар, дар 3 мактаби махсус ва 9 мактаби эҷодӣ 1,5 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.

    Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар ин ҷараён ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи ватанпарварӣ эътибори алоҳида додан муҳим аст. Аҳамияти васеъ ҷалб намудани хонандагон ба таърих, маданият ва санъати мамлакатамон, ташкили дарсҳои ватанпарварӣ бо иштироки хидматчиёни ҳарбӣ таъкид гардид.

    Вазифа гузошта шуд, ки хонандагони мактабҳои махсус ба касбҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ талқин гарданд, дар мактабҳои эҷодӣ маҳфилҳои ороишии сомонавӣ, наққошии компутерӣ, санъати тасвирӣ ва рақамӣ ташкил карда шуда, асарҳои аудиовизуалӣ, тарҷума, журналистика ва маҳорати актёрӣ созмондиҳӣ гарданд.

    Аҳамияти баланд бардоштани малакаи омӯзгорони ин мактабҳо дар асоси таҷриба ва стандартҳои пешқадами байналхалқӣ таъкид гардид.

    Бо ин мақсад ташкил намудани Маркази сабақи педагогӣ ва баҳогузории байналхалқӣ дар Тошканд ва филиали он дар Андиҷон ба нақша гирифта шудааст. Марказ мутахассисони баландмалакаро аз хориҷа даъват менамояд, малакаи муаллимонро аз рӯи фанҳо ва забонҳои хориҷӣ такмил медиҳад, намунаи сертификатҳои байналхалқиро тақдим мекунад.

    Умуман, низоми нави татбиқи самтҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ дар фаъолияти мактабҳои президентӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ дар аз хориҷа ҷалб намудани барномаҳои таълимӣ, адабиёт ва таҷҳизот, устодони соҳибмалака ва грантҳои молиявӣ мадад мерасонанд. Инчунин барномаҳои табодули омӯзгорон ва донишҷӯён бо мактабҳои хориҷӣ ба амал татбиқ мегарданд.

    Аз рӯи масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates