Президент Шавкат Мирзиёев 1 феврал бо тақдимот дар бораи тадбирҳои рушди корхонаҳои металлургӣ шинос шуд. Комбинатҳои маъдани кӯҳии Навоӣ, маъдани кӯҳии Олмалиқ, комбинати маъдани кӯҳии Ӯзбекистон ва корхонаи давлатии «Навоийуран» дар иқтисодиёти мамлакатамон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Дар солҳои охир ба ин чаҳор корхона 7 миллиарду 400 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Дар натиҷа истеҳсоли тилло 23 фоиз, мис 41 фоиз, нуқра 60 фоиз афзуд. Дар комбинати Навоий 4 кони нав азхуд карда, 3 завод ба кор андохта шуд. Дар «Ӯзметкомбинат» ва «Навоийуран» низ истеҳсоли маҳсулот афзуд.
Дар комбинати маъдани кӯҳии Ӯзбекистон 12 август оид ба масъалаҳои рушди металлургия ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо шароити зиндагии аҳолӣ ва кори объектҳои саноатӣ 12 август ба шаҳри Бекобод омад.