Ҷамъомади навбатии Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид. Аъзои Шӯро рафти иҷрои Барномаи чораҳои комплексии татбиқи Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030-ро баррасӣ карданд. Зимнан зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур корҳои дахлдор анҷом дода шуданд.