Дар шаҳри Йошкар-Ола (Ҷумҳурии Марий Эл, Русия) марҳилаи дуюми Ҷашнвораи III байналмилалии филмҳои сайёҳии «Divo Mira» баргузор гардид, ки аз ҷониби ширкати байналмилалии ҳамноми сайёҳӣ ташкил шудааст. Ӯзбекистон яке аз иштирокчиёни ин форуми бузург гардид, ки намояндагони беш аз 20 кишвари дунёро ҷамъ овард.
Гурӯҳи наворбардории BBC Natural History — шӯъбаи Ширкати радиову телевизиони Британия BBC — кори худро дар ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистони Ӯзбекистон идома медиҳад. Ин аллакай сафари сеюми даста ба Ӯзбекистон дар давоми як соли охир мебошад.
Телевизиони Малайзия имрӯз филми махсусеро намоиш медиҳад, ки ба ислоҳоти мазҳабӣ ва таълимӣ дар Ӯзбекистон бахшида шудааст.
Абдулкарим ал-Ҳиндал бо мақсади шиносоӣ бо мавзеъҳои ҷолиби диққати вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро, инчунин, ҷашнвораи XIII байналмилалии мусиқии “Шарқ тароналари”, ки рӯзҳои 25-26 август баргузор шуд, ба Ӯзбекистон омад.
Бо мақсади зиёд намудани шумораи сайёҳон аз Ҷопон ва ба таври васеъ таблиғ намудани иқтидори сайёҳии шаҳрҳои таърихии мо аз ҷониби ҳайати эҷодии шабакаи пешбари телевизиони Ҷопон «NHK» ба Ӯзбекистон боздид ташкил карда шуд.
30 май дар Қасри синамо нахустнамоиши филми бадеӣ-таърихии “Баҳодир Ялангтӯш”, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба навор гирифта шудааст, баргузор шуд.
Аз 15 то 20 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар ин рӯзҳо дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва қасрҳои фарҳангии шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Варзоб филмҳои бадеии «Абдулло Орипов», «Довар», «Дигаргунӣ» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода мешаванд.
Институти Гёте дар ҳамкорӣ бо Фестивали байналмилалии синамои «Шлингел» (Хемниц, Олмон) аз 18 то 24 апрели соли 2024 Фестивали XI байналхалқии филмҳои кӯдакону наврасон «Шум бола»-ро ташкил мекунад.
Кумитаи оид ба сайёҳӣ сафари намояндагони "Канали якум"-ро дар Ӯзбекистон ҷиҳати ба навор гирифтани намоиши навбатии барномаи телевизионии «Непутевые заметки», ки мунтазам дар телевизиони Русия намоиш дода мешавад, ташкил кард.
Сафири Ӯзбекистон Фариддин Насриев бо коргардони маъруфи синамои эронӣ, сенарист, директори ширкати "Tasvirsazan Setareh Soheil" Сирус Муқаддам мулоқот кард.