Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Сирдарё Президент Шавкат Мирзиёев бо корҳои созандае, ки дар маҳаллаи Бӯстони шаҳри Гулистон анҷом дода шудаанд, шинос гардид.
9 октябри соли 2025, 37 нафар тарбиятгирандагони кӯдакистони №1, №3, №5 ва №7 ноҳияи Фаришии вилояти Ҷиззах (синнашон аз 3 то 7-сола) бо шикоят аз баланд шудани ҳарорат, дилбеҳузурӣ, дарди шикам, исҳол ва заъф ба иттиҳодияи тиббии ноҳияи мазкур муроҷиат карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳокимияти ноҳия хабар медиҳад.
Ёвари додраси Суди байниноҳиявии корҳои шаҳрвандии вилояти Ҷиззах дар ноҳияи Дӯстлик бо истифода аз мақоми хидматии худ ба боварии зане аз ноҳияи Мирзачӯл даромада, аз зан бо ваъдаи кӯмак расонидан ҷиҳати тезонидани ҷараёни ҷудошавии вай аз шавҳараш ва тақсими молу мулк 300 доллари ИМА талаб кардааст.
Дар ҷараёни чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ дар доираи мубориза бо коррупсия анҷом дода шуданд, амалиёти ғайриқонунии яке аз масъулони ҳокимияти маҳаллӣ ошкор гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев аз заводи техникаи маишӣ, ки дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах бунёд мегардад, дидан кард.
Роҳбари давлат дар парки технологии Зомин бо муаррифии лоиҳаҳои нав, ки татбиқи онҳо дар назар аст, шинос шуд.
Дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи шаҳри Ҷиззахи Департаменти назди Прокуратураи генералӣ ва Хадамоти амнияти давлатӣ анҷом дода шуд, шаҳрванди қаблан судшуда Н.Б. боздошт гардид.
Имрӯз дар кишвари мо имкониятҳои туризми тиббӣ ва солимгардонӣ самаранок истифода мешаванд. Кластерҳои туризми тиббӣ ва осоишгоҳҳои муосири дорои шароити меҳмонхона ташкил карда шудаанд. Ин маконҳо на танҳо дар барқарорсозии саломатӣ, балки дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ нақши муҳим мебозанд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба мавзеи истиқоматии «Янги Ӯзбекистон», ки дар ноҳияи Шараф Рашидови вилояти Ҷиззах сохта мешавад, ташриф овард.
Дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Ҳиндустон «Avantika Shifokor», ки дар вилояти Ҷиззах сохта шуда истодааст, истеҳсоли беш аз сад намуди доруворӣ ба роҳ монда мешавад.