Дар вилоят аз ин пеш ин гуна корҳои азими сохтмон гузаронда нашуда буд. Дар солҳои охир даҳҳо заводҳо ба кор андохта шуданд, соҳаҳои нави саноат ба вуҷуд омаданд. Мувофиқи он инфраструктураи иҷтимоӣ ҳам тараққӣ мекунад.
Дар ҷойи мавзеи сохташаванда пештар майдони холӣ буд. Айни замон дар майдони 140 гектар сохтмон босуръат идома дорад. Лоиҳа дар се марҳила бунёди 105 бинои бисёрошёнаро бо 3936 ҳуҷра дар назар дорад. Хонаҳо 9, 12 ва 16 ошёна хоҳанд буд, ки ин барои Ҷиззах низ нав аст.
Айни замон дар доираи марҳилаи аввал 4 бинои бисёрошёна бо 204 квартира, дегхонаи марказӣ, шоурум ва роҳҳои дохилӣ сохта шудааст. Сохтмони боз 16 хонаи истиқоматӣ, мактаб, муассисаи таълимии томактабӣ, маркази савдо пешбинӣ шудааст. “Парки инно-технопарк” ба бо кор таъмин кардани аҳолӣ кумак мерасонад.
Марҳилаи дуюм барои соли 2026, марҳилаи сеюм барои соли 2028 пешбинӣ шудааст. Ба ҷуз аз хонаҳо маркази маҳалла, дармонгоҳ, масҷид, меҳмонхона, майдончаҳои бачагона ва варзишӣ, боғи “Ӯзбекистони Нав” бунёд хоҳанд шуд. Дар ҳудуди массив дарахтон шинонда, гулгаштҳо буньёд карда мешаванд.
Президент оид ба бунёди манзилҳои иловагии зиёда аз нақшаи соли ҷорӣ ва фароҳам овардани имкони харидории манзил бо ипотекаи имтиёзнок ба аҳолӣ супоришҳо дод. Аҳамияти тезондани сохтмони инфрасохтор, мактабҳо, боғчаҳои бачагон, тараққӣ додани савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла дар қад-қади роҳҳо барпо намудани нуқтаҳои хӯроки умумӣ қайд карда шуд.
Дар вилояти Ҷиззах се ин гуна мавзе сохта мешавад, ки дар онҳо 156 бинои бисёрошёна бо 4700 квартира бунёд карда мешавад. Аҳолӣ бо тамоми хизмати маишӣ таъмин карда мешавад. Ташаббуси бунёди массивҳои «Янги Ӯзбекистон» тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 декабри соли 2021 оғоз гардид. Дар маҷмӯъ, дар 53 самт дар саросари кишвар кор идома дорад. То имрӯз 409 бинои серошёна 14,4 ҳазор квартира ба истифода дода шуд. Имсол сохтани 767 бинои истиқоматии дорои 31 447 ҳуҷра пешбинӣ шудааст.