Дар ин рӯзҳо дар пойтахти мо мусобиқаҳои таэквондо WT барои дарёфти Ҷоми Сафири Ҷумҳурии Корея баргузор мешаванд. Имрӯз маросими тантанавии ифтитоҳи мусобиқа доир гардид.
Дар кишвар марҳалаи дуюми лоиҳаи бузурги варзишии «Қуллаҳои олимпии Ӯзбекистони Нав» оғоз гардид. Аввалин мусобиқаҳо дар доираи ин марҳала аз рӯи риштаи таэквондо (WT) дар вилояти Сурхандарё ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон баргузор шуданд.
Дар доираи Универсиадаи тобистонаи ҷаҳонӣ, ки дар саросари Олмон ҷараён дорад, дирӯз мусобиқаҳои таэквондо WT дар барномаи даставӣ миёни мардон баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон боз як медали биринҷиро ба хазинаи ҳайат замъ кард.
Таэквондочиёни мо дар Универсиадаи тобистона, ки дар Олмон идома дорад, ба хазинаи медалҳои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон боз як медал зам карданд.
Дар шаҳри Муҷуи Кореяи Ҷанубӣ мусобиқаи бонуфузи таэквондо «WT — World Taekwondo Diamond Games», ки се рӯз идома ёфт, ба анҷом расид. Дар рӯзи охирин қувваозмоиҳои инфиродӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо 16 варзишгари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ширкат карданд. Аз онҳо 13 нафар ба минбари фахрӣ баромаданд.
Имрӯзаи Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо дар байни кадетҳо, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб идома дорад, барои дастаи мунтахаби мо бо муваффақият гузашт.
Дар шаҳри Усии Чин чемпионати Осиё байни клубҳо аз рӯи таэквондои WT ба анҷом расид. Хушбахтона, дар рӯзи охирин хазинаи дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо 2 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ғанӣ гардид.
Дар шаҳри Уси Чин дирӯз чемпионати Осиё оид ба таэквондои WT миёни клубҳо оғоз ёфт. Дар рӯзи аввали мусобиқа таэквондочиёни Ӯзбекистон 2 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.
23 апрел дар шаҳри Тайяни Чин Ҷоми президенти Федератсияи ҷаҳонии таэквондо оғоз ёфт.
Федератсияи ҷаҳонии таэквондо рейтинги навшудаи ҷаҳониро барои моҳи март эълон кард. Ба он намояндагони дастаи мунтахаби Ӯзбекистон низ шомил шуданд.