Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки пас аз интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари давлат бо нахустин сафари хориҷии худ дар Арабистони Саудӣ қарор дорад, аз муқаддасоти асосии Ислом – шаҳри Макка дидан кард.
Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво йуллари”, ки бо 245 зоирони нахустин аз Ҷидда омада буд, 14 июл соати 21:50 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд фуруд омад.
Арабистони Саудӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус танҳо ба мусалмонони шоҳигарӣ иҷозат дод, ки ҳаҷҷро анҷом диҳанд ва ҳамзамон миқдори онҳо аз 60 ҳазор нафар беш набошанд. Дар ин бора Оҷонсии хабарии Арабистони Саудӣ бо такя ба изҳороти вазорати ҳаҷҷ ва умраи шоҳигарӣ хабар додааст.