Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон «Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи муваққатӣ дар бораи тартиби додани субсидия ба субъектҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ки пахта, зироати ғаллагии хушагӣ, ва шолӣ мерӯёнанд, барои хароҷоти ҳамворкунии замин бо истифода аз агрегатҳои заминсозӣ бо дастгоҳи лазерӣ дар солҳои 2024-2025» аз 24 июни соли 2024 № 348 қабул гардид.
Дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳо оид ба баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва ҳосилнокии замин, дастгирии ҷорӣ кардани технологияҳои нави обёрӣ дар майдонҳои пахта” оид ба пешниҳоди имтиёзи андоз барои гузарондани чорабиниҳои баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва ҳифз аз эрозия банде ҳаст.
Бо қарори ҳукумат Низом дар бораи тартиби додани субсидия ба хоҷагиҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳидорӣ барои рӯёндан ва фурӯши маҳсулоташон тасдиқ шуд.