Ин лоиҳа аз ҷониби ширкати маҳаллии шабакаҳои барқӣ амалӣ гардида, ҳадафи он таъмини кори устувори низоми энергетикӣ дар давраи имтиҳонҳои миллии дохилшавӣ ба донишгоҳҳо мебошад, зеро ҳатто қатъшавии кӯтоҳмуддати барқ метавонад ба раванди имтиҳонҳо таъсир расонад. Дар ин бора нашрияи MGR Online хабар медиҳад.

Робот бо камера ва маҷмӯи сенсорҳо муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад осеб дидани ноқилҳо, фарсудашавии таҷҳизот ва аз ҳад зиёд гарм шудани қисмҳои алоҳидаи шабака ошкор карда шавад. Сохтори дастгоҳ ба бадани мор шабоҳат дорад: тани чандир ва сегментии он имкон медиҳад аз монеаҳо, аз ҷумла изоляторҳои барқӣ, ки бо дронҳо ё усулҳои дастӣ санҷиданашон душвор аст, гузарад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ин навоварӣ низоми таъмини ғайритамосии нерӯ мебошад, ки дар қисми думии робот ҷойгир шудааст. Ин технология ба робот имкон медиҳад нерӯро мустақиман аз хатҳои интиқоли барқ гирифта, шабонарӯзӣ бидуни эҳтиёҷ ба пуркунии мунтазам фаъолият намояд.

Инчунин, истифодаи чунин роботҳо хавфҳоро барои кормандон коҳиш медиҳад, зеро пештар онҳо маҷбур буданд дар баландӣ ва дар шароити душвори обу ҳаво корҳои назоратиро анҷом диҳанд, - менигорад gazeta.ru.

Ба андешаи таҳиягарон, истифодаи роботҳои моршакл самаранокии назорати шабакаҳои барқиро баланд бардошта, хароҷоти хизматрасонии онҳоро коҳиш медиҳад. Ин лоиҳа ҳамчунин як қисми рушди шабакаҳои зеҳнии энергетикӣ ва инфрасохтори роботӣ дар Чин ба ҳисоб меравад.

Интизор меравад, ки баъд аз анҷоми озмоишҳо дар Кунмин чунин дастгоҳҳо дар дигар минтақаҳои Чин низ мавриди истифода қарор гиранд.