Роҳбари Ӯзбекистон ҳамчунин сатҳи баланди омодагӣ ва баргузории саммити ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ ва музокироти пурмуҳтаво дар шаҳри Туркистонро махсус таъкид кард, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои иштирокчӣ такони нав бахшид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Қазоқистон дар заминаи иҷрои тавофуқоти сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ рушди босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид. Барои дар солҳои наздик ба 10 миллиард доллар расонидани гардиши мол миёни ду кишвар корҳои низомманд анҷом дода шуда, фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла дар доираи Маркази байналмилалии ҳамкориҳои саноатӣ густариш меёбад. Ҳамчунин лоиҳаҳо ва ташаббусҳои умедбахш дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, экология ва самти фарҳангию гуманитарӣ амалӣ мешаванд.

Муҳимияти таҳияи рӯзномаи нави иқтисодӣ дар доираи ҷаласаи дарпешистодаи Комиссияи байниҳукуматӣ, Шӯрои аввали роҳбарони минтақаҳо ва дигар механизмҳо таъкид гардид.

Ҳамчунин ҷадвали чорабиниҳои ояндаи дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.