Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо татбиқи амалии тавофуқоте, ки миёни роҳбарони ду кишвар ба даст омадаанд, баррасӣ намуданд. Ба лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои савдо, иқтисод, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Тавре Саида Мирзиёева қайд кард, як банди алоҳидаи рӯзнома рушди ҳамкории байни администратсияҳои президентҳои ду кишвар дар масъалаҳои маориф, шуғл ва сиёсати ҷавонон гардид.