Ба иттилои Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар
Новосибирск, фавран бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бурятия тамоси доимӣ барқарор
шуда, вазъ таҳти назорати махсус гирифта шуд, хабар медиҳад ИА «Дунё».
Муайян шуд, ки ронандаи крани маноравӣ аз беэҳтиётӣ ба
панҷараҳои сохтмонӣ осеб расондааст, ки дар натиҷа шаҳрвандоне, ки бе
камарбанди бехатарӣ дар он конструксия қарор доштанд, ба поён афтодаанд.
Яке аз осебдидагон бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол
дода шуд, шаҳрванди дигар, мутаассифона, ба ҳалокат расид.
Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бурятия тибқи қисми
2 моддаи 217 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз
кардаанд.
Консулгарии генералӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагии Агентии
муҳоҷират дар Новосибирск барои фиристодани ҷасади шаҳрванди фавтида ба Ӯзбекистон
корҳои заруриро анҷом медиҳад.