Дар ин чорабинии бонуфуз тақрибан 600 донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Эрон, АМА, Русия, Олмон, Юнон, Венгрия, Нидерландия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Дунё».
Аз Ӯзбекистон 205 донишҷӯ аз 28 муассисаи таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқаҳои даставӣ, тими Ӯзбекистон 10 ҷоизаи даставӣ ба даст оварда, ҷойи дуюмро ишғол кард. Дар мусобиқаҳои инфиродӣ низ дастаи Ӯзбекистон 103 медал гирифта, аз рӯйи шумораи ҷоизаҳо ҷойи дуюмро соҳиб шуд.
Дар доираи олимпиада устодони ӯзбекистонӣ барои донишҷӯёни туркман дарсҳои маҳорат баргузор карданд. Дар маросими пӯшидашавӣ дотсенти Донишгоҳи давлатии Бухоро Умида Халикова аз номи ҳайати Ӯзбекистон суханронӣ намуда, таассуроти худро аз чорабинӣ баён кард ва дӯстии байни ду халқро таъкид намуд.
Қайд гардид, ки олимпиадаи байналмилалӣ дар Ашқобод на танҳо майдони рақобати илмӣ, балки макони дӯстӣ, ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба миёни ҷавонони миллатҳои гуногун гардид.