Сарвари давлат
нахуст бо пуле, ки аз болои канали Салар дар назди бинои ҳокимият сохта
шудааст, шинос шуда, корҳои ободонӣ ва сабзкориро аз назар гузаронд ва дар ин ҷо
дарахт шинонд. Сипас бо шароити дар бинои ҳокимияти ноҳия фароҳамшуда шинос
гардид.
Президенти кишвар
солҳои 1992–1996 вазифаи ҳокими ноҳияи Мирзо-Улуғбекро иҷро карда, дар рушди иҷтимоию
иқтисодии он саҳми назаррас гузоштааст. Дар бинои ҳокимият ба сарвари давлат
утоқи корӣ ва мошини хизматии ӯ, ки ба шакли он давра барқарор шудаанд, намоиш
дода шуданд. Ҳамчунин, экспозитсияи
қарорҳои муҳиме, ки дар давраи фаъолияти ӯ ҳамчун ҳоким қабул шудаанд, ташкил
гардид. Дар ҷараёни боздид Президент хотираҳои худро аз он давра баён кард.
То имрӯз дар ноҳияи Мирзо-Улуғбек тақрибан 30 ташкилот,
аз ҷумла сохторҳои амнияти ҷамъиятӣ, нақлиёт, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии коммуналӣ,
молия ва бонкӣ, ба таври ҷудогона, ҳар якаш дар доираи самти худ фаъолият
мекарданд. Набудани низоми ягона ба ҳалли фаврии муроҷиатҳои шаҳрвандон халал
расонида, боиси талафи вақт ва бюрократия мегардид.
Ҳоло дар ҳокимият маркази вазъиятӣ таъсис дода шудааст,
ки дар асоси зеҳни сунъӣ платформаи «Ноҳияи зирак» ҷорӣ гардидааст. Ин
платформа барои таҳлил, ошкорсозии фаврӣ ва ҳалли мушкилот пешбинӣ шудааст. Муҳим
аст, ки имконияти иртиботи онлайн бо намояндагони маҳаллаҳо фароҳам омада, ҳамеша
аз вазъи ҷорӣ огоҳ будан мумкин аст.
Дар ин ҷо масъалаҳои иҷтимоӣ ва коммуналӣ назорат
мешаванд, иҷрои муроҷиатҳои аҳолӣ пайгирӣ мегардад ва дар ҳолатҳои фавқулода
идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамот таъмин карда мешавад.
Низоми «Ноҳияи бехатар», ки ба таркиби платформа шомил
мегардад, барои назорати ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ хизмат
мекунад. Харитаи рақамии субъектҳои соҳибкорӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ барои
пешгӯии даромадҳои андоз ва баланд бардоштани ҷамъоварии онҳо равона шудааст. Низоми
«AI Davomat» барои пешгирии дарсгурезӣ ва бе назорат мондани ноболиғон аҳамияти
калон дорад.
Чунин платформаҳо аллакай дар ноҳияҳои Чилонзор, Шайхонтоҳур
ва Олмазар низ ҷорӣ шудаанд.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти маркази вазъиятӣ, Президент
дастур дод, ки ин низом дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин
таъкид гардид, ки ҳокимони вилоятҳо, прокуророн, роҳбарони мақомоти корҳои
дохилӣ, хадамоти амният ва андоз бояд ба ноҳияи Мирзо-Улуғбек омада, таҷрибаи
мазкурро омӯзанд.