Сарони ҳукуматҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика барои давраи то соли 2035 ва Нақшаи тадбирҳои афзалиятноки татбиқи онро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Ҳуҷҷатҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар соҳаи энергетика нигаронида шудаанд, ки ҳамзамон масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва амнияти давлатҳо, инчунин фароҳам овардани шароит барои рушди устувори иқтисодиёти миллиро дар бар мегиранд.
Ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳсозии инфрасохтор ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки аз қаламрави кишварҳои узви ИДМ мегузарад, барои давраи то соли 2030 ба баррасии аъзои ИДМ пешниҳод карда шуд. Ҳуҷҷат ба тавсеа ва амиқтар шудани ҳамкориҳои вазорату идораҳои нақлиётии кишварҳои муштаракулманофеъ дар рушди долонҳои нақлиётии байналмиллалӣ тавассути татбиқи тадбирҳои мувофиқашуда оид ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард.
Сарони ҳукуматҳо таҷдиди Созишномаро дар бораи ҳамкорӣ дар бунёди системаҳои миллии телетиббиёт ва рушди минбаъда ва истифодаи онҳоро тасдиқ карданд.
Худи Созишнома соли 2010 қабул шуда буд. Аммо бо дарназардошти ҳолат ва тамоюли рушди системаҳои иттилоотии соҳаи тандурустӣ, тағйирот дар қонунгузории давлатҳои ИДМ ва стандартҳои байналмилалӣ он ба таҷдид ниёз дошт.
Тағйироти воридшуда маҷмӯи тадбирҳоро, ки ба татбиқи амалии равишҳои мувофиқашуда оид ба танзими татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва системаҳои телетиббӣ дар соҳаи тандурустӣ бо назардошти равишҳои мавҷудаи давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин таҷрибаи пешқадами дар ин соха инкишофёфта нигаронида шудаанд, пурра мекунанд.
Инчунин Консепсияи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кимиё ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он қабул карда шуданд. Баланд бардоштани самаранокии ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳод дар ин самт ба ҳалли маҷмӯи масъалаҳои мубрами марбут ба қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ ба маҳсулоти саноати кимиё, таҳкими амнияти миллӣ тавассути таъмини комплекси ҳарбӣ-саноатӣ ва стратегии саноат бо маҳсулоти хушсифати кимиёвӣ, рушди системаи таъминоти илмии саноати химия ва ҷорӣ намудани технологияи навоварона мусоидат мекунад.
Сарони ҳукуматҳо Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои хатарнок ва рафъи маконҳои зарари ҷамъшуда ба муҳити зист ва Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа барои солҳои 2024-2029-ро оид ба татбиқи он тасдиқ карданд. Ҳуҷҷатҳо самти экологӣ доранд ва барои таҳлили таҷрибаи ҷамъшуда дар соҳаи идоракунии партовҳои хатарнок, эҷоди механизмҳои интиқоли дониш, таҷриба, технологияҳо ва дар натиҷа мусоидат ба такмили инфрасохтори миллии идоракунии партовҳои хатарнок, фароҳам овардани шароити амалӣ гардондани лоиҳаҳои байналхалқӣ пешбинӣ шудаанд. Ин имкон медихад, ки хамкории давлатҳои аъзои ИДМ ба дараҷаи амалӣ гузарад.
Ҳуҷҷати дигаре, ки дар паи ҷаласа ба имзо расид, Рӯйхати фаъолиятҳо дар самти мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ҷиҳати дастгирии марҳилаҳои татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 мебошад.
Дар он тадбирҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунӣ ва паҳнкунии моликияти зеҳнӣ, ташкили корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирикунанда ва махсусе, ки аз ҷониби мақомоти гумрук, андоз, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ваколатдор гузаронида мешаванд, муайян шудаанд.
Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тибқи Низомнома дар бораи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва бо пешниҳоди Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимовро муовини дабири кулли ИДМ таъин кард.
Илова бар ин, дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки Ашқобод шаҳри имкониятҳои нави варзишии кишварҳои муштаракулманофеъ эълон карда шавад. Ба Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш супориш дода шуд, ки лоиҳаи мувофиқи нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2024-2025 таҳия намояд.
Додани чунин мақоми фахрӣ имкон медиҳад, ки дар Ашқобод як қатор лоиҳаҳои азими варзишӣ амалӣ карда шаванд, ки ин саҳми муҳими Туркманистон дар татбиқи амалии Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои ИДМ, инчунин ба мустаҳкам намудани алоқаҳои анъанавии дӯстонаи байни халқҳои мамлакатҳои Иттиҳод хоҳад буд.
Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7-8 ноябри соли 2024 дар Федератсияи Русия баргузор шавад.
Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.