Мушкилоти Фарғона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, тадбирҳои нави рушди соҳибкорӣ муайян карда шуданд

    Дар ноҳияи Қува 12 июл ҷамъомад оид ба вазифаҳои муҳими тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии вилояти Фарғона баргузор гардид.

    Президент Шавкат Мирзиёев ногузирии рушди муттасили иқтисодиётро барои қонеъ намудани эҳтиёҷи афзояндаи аҳолӣ таъкид кард.

    – Фарғона вилояти калон аст. Ҳоло ҳозир аҳолии он аз 4 миллион зиёд аст. Дар сурати афзоиши мисли ин то соли 2030 он ба 5 миллион мерасад. Ин ба гуфтан осон. Аммо дар паси ин рақам масъулияти калон нуҳуфта аст. Ҳар сол кӯдакистон ва мактаб, биноҳои нав бояд сохта шавад, садҳо ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда шавад. Аз ин рӯ масъалаи чӣ гуна босубот инкишоф додани иқтисодиётамон дар замони ҳозираи ташвишовар, ҳамаи моро бояд нигарон кунад, – гуфт Президент.

    Дар ҳафт соли охир дар вилоят тағйироти зиёд ба вуқӯъ пайваст. Инфрасохтори роҳ, об, замин, манзил, таълим ва тиб беҳтар гардид. Ҳаҷми сармоягузорӣ се баробар афзуд. 122 корхонаи табодули молаш беш аз 10 миллион доллар ба вуҷуд омад.

    Содирот низ меафзояд. Соли гузашта ин нишондод 722 миллион долларро ташкил намуд. Корхонаҳои Фарғона ба 60 бозори нав баромаданд.

    Аммо иқтидори 19 корхона паст гардид. Роҳандозии 3 лоиҳа дер мегардад. Дар 6,7 ҳазор корхона ҷойҳои кор кам гардид. 135 корхона, ки соли гузашта бо содирот машғул буд, соли ҷорӣ ҳанӯз ба хориҷ маҳсулот нафурӯхтааст.

    Вилоят дар ҷумҳурӣ бинобар инкишофи саноат ҷойи охирро ишғол менамояд. Бо вуҷуди фароҳам будани шароити муносиб соли гузашта Фарғона ба миқдори 220 миллион доллар маҳсулоти меваву сабзавот содир намуд. Ҳамагӣ 30 фоизи калоба аз нав кор карда мешавад.

    545 соҳибкори сабти номгардида ҳисобрақам накушодаанд, беш аз 1000 нафар гардиши молиявии худро аз тариқи бонк нагузарондаанд. Бинобар ин масъалаи дар буҷаи ноҳия гузоштани ними андози даромади шахсони ҷисмонӣ гузошта шуд. Таъкид шуд, ки ин манфиатдории ноҳияро зиёд мекунад ва соҳибкоронро аз «соя» берун мебароварад.

    Дар мамлакатамон кори зиёд дар бобати коҳиши қашшоқӣ анҷом дода шудааст. Дастгоҳҳои кумаки бонкиву молиявӣ ба бекорон ва эҳтиёҷмандон роҳандозӣ гаштааст. Акнун эҳтиёҷ ба бархӯрди нав эҳсос мегардад.

    Роҳбари давлат инро дар мисоли ноҳияи Бағдод таҳлил карда, таъкид сохт, ки ин низом такмил хоҳад ёфт.

    – Ҳар чӣ қадар мо ба камтаъминҳо кумакпулӣ надиҳем, агар мо ба онҳо кор пайдо накунем, онҳо такроран барои кумаки иҷтимоӣ омадан мегиранд. Аз ин боис коҳиши қашшоқӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ акнун дар як низом нигоҳ дошта мешавад. Ин аз ҷониби Агентии ҳимояи иҷтимоӣ ба амал татбиқ мегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар ҷамъомад вазифаҳои бартаринок оид ба рушди иқтисодиёти вилоят муҳокима гардиданд.

    Бинобар қарори Президенти Ӯзбекистон аз 10 июл ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» то 210 гектар аз ҳисоби маҳаллаҳои Пакана, Кокулон ва Сӯфони шаҳри Қувасой зиёд карда шуда буд. То охири соли 2026 дар ин ҷо аз худ намудани сармоя ба миқдори на камтар аз 1 миллиард доллари ИМА, фароҳам овардани беш аз 11 ҳазор ҷойи кор, соле истеҳсоли маҳсулот ба миқдори 265 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

    Инчунин дар ҳар яки 19 ноҳия ва шаҳр дар асоси таҷрибаи Чин минтақаҳои саноатӣ ба вуҷуд оварда шуда, онҳо ба самти дақиқи саноат ихтисос хоҳанд ёфт.

    Бо мақсади истеҳсоли маҳсулот бо арзиши баланди изофа ва афзудани миқдори ҷойҳои кор давлат омодааст, ки боз 1210 гектар замин ҷудо кунад. Барои ин дар назди ҳокимияти вилоят мудирият ташкил гардида, ин заминҳо дар ихтиёри он гузошта мешавад. Соҳибкорони маҳаллӣ метавонанд дар минтақаҳои саноатӣ анборҳоро иҷора кунанд ё харид намоянд.

    Барои инкишофи саноат дар ноҳия ва маҳаллаҳо 50 миллион доллар барои харҷҳои инфрасохтор ҷудо карда мешавад. Дар 161 маҳаллаи калон инчунин марказҳои саноатии 4-5 ошёна ташкил мегарданд.

    Роҳбари давлат ногузирии зиёд кардани миқдори лоиҳаҳоеро таъкид кард, ки метавонанд ба саноати Фарғона такони калон бахшанд.

    Аз он ҷумла, лоиҳаҳо ба миқдори 2 миллиард доллар дар соҳаҳои энергетика, нафту газ ва кимиё ба амал татбиқ мегарданд. Аз ҳисоби сармоя ба миқдори 700 миллион доллар истеҳсоли 230 намуди маводи нави сохтмон роҳандозӣ мегардад.

    Дар саноати электротехникӣ лоиҳаҳо ба миқдори 420 миллион доллар, дар автомобилсозӣ – 500 миллион доллар ба амал татбиқ мегарданд. Аз он ҷумла, дар Қувасой сохтмони корхона оид ба истеҳсоли стансияҳои барқдиҳӣ барои электромобилҳо ба нақша гирифта шудааст ва инчунин роҳандозии истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар нақша вуҷуд дорад. Дар соҳаи бофандагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки азнавкоркарди калоба то 60 фоиз аз ҳисоби татбиқи лоиҳа ба қимати 300 миллион доллар расонда шавад.

    Дар бобати соҳаи хоҷагии қишлоқ таъкид шуд, ки дар 3 соли охир барои 110 ҳазор сокинон беш аз 25 гектар замин ҷудо карда шудааст. Ба аҳамияти дар ин заминҳо соле то 3 бор ҳосил гирифтан ишора гардид.

    Дар ноҳияи Фарғона дар 200 гектар бо роҳи саноатӣ навъҳои баландҳосили малинаи Италия ва Полша парвариш мегарданд. Дар Қӯштеппа ва Ёзёвон боғҳои серҳосили бодом, шафтолу, гелос ва олу ба вуҷуд оварда мешаванд. Дар заминҳои боғдорони калон анборҳои яхдон ташкил мегарданд.

    Барои соҳибкорони боғпарвар баъзе имтиёзҳо эълон гардид. Ба онҳо то 6 фоизи кредит, ки бо асъори хориҷӣ барои лоиҳаҳои нигоҳдорӣ, саракунӣ ва азнавкоркарди маҳсулоти меваву сабзавот гирифтаанд, ҷуброн карда мешавад. Барои осон кардани фаъолияти 616 фермер дар шаҳри Қувасой андози замин ба андозаи ним кам карда мешавад.

    Дар Фарғона инчунин зарфияти калони сайёҳӣ вуҷуд дорад. Масъалаҳои ташкили парвози вертолёт ба деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдон, ба посгоҳҳои «Водил» ва «Оқкия» додани мақоми байналхалқӣ баррасӣ гардиданд. Ба шахсони масъул таҳия намудани нақшаи маҳорати ин деҳот ва шаҳраки Водил супурда шуд. Ноҳияи Фарғонаро ба минтақаи ҷолиби сайёҳӣ табдил додан супурда шуд.

    Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди хоҷагии қишлоқ, ҳунармандӣ ва хидматрасонӣ дар ноҳияи Қува, сохтмони иморатҳои бисёрошёна, корхонаҳои саноатӣ, объектҳои маданӣ ва сайёҳӣ дар Қӯқанду Марғилон алоҳида баррасӣ шуданд.

    Бо мақсади ба дараҷаи нав бардоштани кори дар қалб ва шуури насли ҷавон таҳким ёфтани муҳаббат ва садоқат ба Ватан, арзишҳои ҳаёти орому осудаи имрӯза, эҳсоси миннатдорӣ дар Қӯқанд ва Марғилон ташкил намудани Шӯрои куҳансолон ва гурӯҳҳои падару модарон аз ҷумлаи вакилони насли солхӯрда, имом-хатибон, фаъолони маҳаллаҳо пешниҳод гардид.

    Ҳозирон ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, изҳори бовар намуданд: агар таҷрибае ба вуҷуд оварда шавад, ки тарбияи ҷавонони мушкилтарбияро ба роҳ андозад, ба роҳгумкардагон, ба ҷавонони ба вазъи душвор дучоршуда дар роҳи пайдо кардани ҷойи худ ёрӣ расонад, онҳоро ба маърифат даъват кунад, такмили маънавият таҷриба офарад, ин барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат мегардад.

    Умуман ҳокими вилоят ва муовинони ӯ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бовар кунонданд, ки масъулияти худро баланд мебардоранд ва тамоми кӯшишро барои баланд бардоштани сармояи асосӣ ба миқдори 2,1 миллиард доллар, таъмини шуғли 400 ҳазор нафар, аз қашшоқӣ баровардани 80 ҳазор оила харҷ мекунанд. Депутатҳои шӯрои вилоят комиссия ташкил мекунанд ва дастовардҳои нишондодҳои мақсаднокро зери назорат мегиранд.

    Роҳбарони бонкҳо ва шохобчаҳои минтақавӣ дар бораи нақшаҳои худ бобати таъмини молиявии барномаҳои истеҳсолӣ, хидматрасонӣ ва бошуғлфарогирӣ нақл намуданд.

    Роҳбари давлат бо вакилони ҷамъият гуфтугӯйи ошкоро баргузор намуд.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates