Чорабинӣ аз ҷониби Агентии миллии ҳимояи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ӯзбекистон ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ масъалаҳое ба монанди такмили қонунгузорӣ, ҷорӣ кардани механизмҳои муассири ҳимоя, татбиқи стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор – 2030, инчунин ҳамроҳшавии Ӯзбекистон ба ташаббуси ҷаҳонии «Даъвати Богота дар амал» баррасӣ шуданд. Ин ташаббус ба решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон равона шудааст.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ», ки соли 2024 қабул шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Пешниҳодҳо оид ба татбиқи амалӣ, аз ҷумла таъсиси хадамоти вокуниши фаврӣ ва барномаҳои мукаммали дастгирӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни суҳбати “мизи мудаввар” Ӯзбекистон расман омодагии худро ба ташаббуси «Даъвати Богота дар амал», ки беш аз 60 кишвари ҷаҳонро муттаҳид месозад ва барномаи равшани пешгирӣ ва бартарафсозии зӯроварӣ нисбат ба кӯдаконро пешниҳод мекунад, тасдиқ кард.
Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, таъкид намуд: «Рушди устувори кишвар бе таъмини муҳити бехатар барои кӯдакон имконнопазир аст. Муколамаи имрӯз на танҳо мубодилаи афкор, балки ифодаи масъулияти муштараки мост. Бо таҳкими низоми ҳимояи кӯдакон, мо ояндаи тамоми ҷомеаро таҳким мебахшем. Муколамаи имрӯза барои масъулияти байнисоҳавӣ ва ҳамбастагии байналмилалӣ асоси боэътимод мегузорад».
Муовини аввали директори Агентии миллии ҳимояи иҷтимоии Ӯзбекистон Шаҳноза Мирзиёева дар суханронии худ таъкид кард, ки «ҳамроҳшавӣ ба Даъвати Богота - ин паёми равшан ба ҷомеа ва шарикони байналмилалист: мо ба трансформатсияи системавӣ омодаем. Ҳар як кӯдак дар Ӯзбекистон бояд худро дар амният эҳсос кунад ва овозаш шунида шавад. Маҳз мо — калонсолон, ниҳодҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеа — масъул ҳастем, ки ин ҳуқуқ, на танҳо дар коғаз, балки воқеан ҳимоя карда шавад». Ҳамчунин зикр гардид, ки фароҳам овардани системаи самараноки ҳимоя равиши устувор, байнисоҳавӣ ва дастрасии воқеии кӯдакон ва оилаҳо ба дастгирӣ, хизматрасониҳо ва иттилоотро тақозо мекунад.
Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Наҷат Маала дар суханронии худ ба кӯшишҳои Ӯзбекистон ҷиҳати таъмини муҳити бехатар баҳои баланд дод, ки сазовори эътирофи байналмилалӣ мебошад. Ин роҳе аст, ки ҷасорат, пофишорӣ ва ҳамбастагиро талаб мекунад. Танҳо бо кӯшишҳои муштарак метавонем ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар ҳар як кишвар, дар ҳар як хона, дар ҳар як мактаб нуқта гузорем.
Ӯ ҳамчунин ба Ӯзбекистон барои иродаи сиёсӣ ва қадамҳои мушаххас дар самти ҳимояи кӯдакон: «Даъвати Богота — танҳо як ташаббус нест, балки ӯҳдадории глобалист. Ман бо қаноатмандӣ мебинам, ки Ӯзбекистон онро ҳамчун роҳнамои амал дарк мекунад. Ҳимояи ҳар як кӯдак — ин роҳи расидан ба сулҳ, устуворӣ ва шарафу эҳтироми инсон аст» изҳори сипос намуд.
Бар асоси натиҷаҳои суҳбати “мизи мудаввар” самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таҳияи Нақшаи миллии амал дар доираи Даъвати Богота бо нишондиҳандаҳои мушаххас ва механизмҳои байниидоравии татбиқ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили заминаи қонунгузорӣ ва дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои зарурӣ, таҳкими системаҳои пешгирӣ, вокуниш ва барқарорсозӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷорӣ кардани таҷрибаҳои беҳтарин муайян карда шуданд.