баннер
16 Apr 2025
20:18

    Дар Сенат дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Чин баррасӣ гардид

    10 апрели соли равон Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо сарвари садорати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хоу Каи, ки дар мамлакати мо меҳмон аст, мулоқот кард.

    Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Ӯзбекистон мебошад. Ба шарофати муколамаи ошкоро ва боэътимоди роҳбарони ду мамлакат муносибатҳои дуҷониба ҳаматарафа рушд кард ва ба сатҳи шарикии дарозмуддати стратегӣ баромад.

    Дар мулоқот самтҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Чин, аз ҷумла, фаъолсозии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи аудит ва шаффофияти молиявӣ баррасӣ шуд.

    Ғайр аз ин, дар рафти вохӯрӣ ба аҳамияти равиши гендерӣ дар ташаккули буҷети давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди соҳибкории занон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Ҳамчунин зарурати ба ҳисоб гирифтани ҷиҳатҳои гендерӣ барои офаридани сохторҳои одилона ва иқтисодиву иҷтимоии самарабахш таъкид карда шуд.

    Аз рӯйи роҳандозии лоиҳаҳои барномавӣ, ки дар доираи рушди мулоқоти байниминтақавӣ ба пурзӯр кардани назорати парлумонӣ дар раванди ташаккули буҷетӣ маҳаллӣ нигаронида шудааст, ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech