Ба Замин астероид наздик мешавад, ки қодир аст як шаҳрро нест кунад. Аммо он хатарнок нест

    Рӯзи шанбеи 25 март астероиди бузург дар байни Замин ва Моҳ парвоз хоҳад кард. Андозаи он ба 40-90 метр мерасад. Астероид ба қадри кофӣ бузург аст, ки дар сурати бархӯрд тамоми як метрополисро нест кунад, аз ин рӯ астрономҳо онро ғайрирасмӣ "қотилони шаҳрҳо" номидаанд.

    Астероид бори аввал як моҳ пеш мушоҳида шуда буд ва номи илмии 2023 DZ2 дода шуд, менигорад Мир24.

    Олимони NASA траекторияи онро ҳисоб карда, ба хулосае омаданд, ки он барои Замин ва Моҳ комилан бехатар аст. Аммо ин гуна объектҳои калон ба сайёраи мо на бештар аз як маротиба дар даҳ сол наздиканд, бинобар ин рӯйдод барои олимон мароқи калон дорад.

    Инак, «қотилони шаҳрҳо» аз Моҳ ба масофаи 515 ҳазор километр парвоз мекунад. Сипас, он аз Замин дар масофаи 168 000 километр мегузарад ва дар осмон дар болои уқёнуси Ҳинд бо суръати тақрибан 28 000 км / соат ҳаракат мекунад.

    Астероидро тавассути телескопҳои хурд ё ҳатто дурбин дидан мумкин аст. Олимон ният доранд, ки объекти кайҳониро мушоҳида кунанд. Бозгашти 2023 DZ2 ба Замин дар соли 2026 дар назар аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates