Таклифҳо оиди такмил додани низоми таълими касбу ҳунар баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 4 Oktabr 2023 4730

    Президент Шавкат Мирзиёев 4 октябр бо муаррифии ташаббусҳои нав оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбу ҳунар ва касбомӯзии аҳолӣ шинос шуд. Дар рушди иқтисодиёт таълими касбу ҳунар ҷои махсусро ишғол мекунад. Ҳамин тариқ, дар кишварҳои пешрафта то 75 дарсади хонандагон бо таҳсилоти касбу ҳунар фаро гирифта шудаанд.

    Ин система дар мамлакати мо низ мувофиқи талаботи бозори меҳнат инкишоф меёбад. Тайёр кардани мутахассисони зинаи миёна асосан дар коллеҷҳо ва техникумҳои Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, инчунин мономарказҳои назди Вазорати шуғл ва коҳиши камбизоатӣ амалӣ карда мешавад.

    Ҳоло дар 689 муассисаи таълимии касбу ҳунар аз рӯи 714 касбу тахассус, 20 мономаркази «Ишга марҳамат» ба 54 касбу ҳунар ва 6 забони хориҷӣ таълим дода мешавад.

    Шакли таълим дуалӣ ҷорӣ карда шуд, ки ба талабагон имкон медиҳад, ки дар як вақт таҳсил ва кор кунанд. Ба туфайли ин система якҷоя бо 2 ҳазор корхона 6 ҳазор нафар писарону духтарон таҳсил мекунанд. Инчунин, ба тамомкунандагони синфҳои 9 дар омӯзишгоҳҳои касбу ҳунар, ба хатмкунандагони синфҳои 11 дар коллеҷу техникуҳо ихтисосҳои гуногун омӯзонда мешавад.

    Бо вуҷуди ин дар соҳа камбудиҳои муайян мавҷуданд. Баъзе барномаҳои таълимӣ бо талаботи ҳаёт алоқаманд нестанд. Таълими касбу ҳунар барои мактаббачагон чандон ҷолиб нест. Дар натиҷа иқтидори муассисаҳои таълимӣ пурра истифода бурда намешавад.

    Мономарказҳо эҳтиёҷотро ба кадрҳои звенои миёна пурра конеъ гардонда наметавонанд. Хатмкунандагонро лозим меояд имтиҳони иловагӣ супоранд, зеро ба онҳо разряди тахассусӣ дода намешавад. Миёни Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва таҳсилоти касбӣ ҳамкории мутақобила вуҷуд надорад. Дар бобати таълими забонҳои хориҷӣ ва додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сатҳи дониши онҳо нокифоя кор бурда мешавад.

    Барои бартараф намудани ин камбудиҳо ва беҳтар намудани сифати таълими касбу ҳунар вазоратҳои дахлдор таклифҳои нав тартиб доданд. Дар муаррифии имрӯз масъулин маълумоти муфассал доданд.

    Пешниҳодҳо ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии хориҷӣ, таъмини эътирофи тахассуси хатмкунандагон дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҷалби васеътари донишҷӯён ба коллеҷу техникумҳо, инчунин тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сифати тайёрии касбӣ дар мономарказҳоро дар бар мегиранд.

    Сарвари давлатамон ҷиҳати такмил додани ин пешниҳодҳо супоришҳои иловагӣ дод. Таъкид шуд, ки шуғли ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, ба ҷавонон бояд аз рӯи самтҳои мушаххас, бо назардошти ихтисоси ноҳияҳо ва ниёзҳои корхонаҳо касбу ҳунар омӯзонида шавад.

    Муҳимияти тадриҷан нав кардани таснифоти касбҳо ва таҳсилоти касбӣ, мутобиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамкории зичи муассисаҳои таълимии касбӣ бо мактабу донишгоҳҳо қайд карда шуд. Муайян карда шуд, ки Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия фаъолияти муассисаҳои таълимии касбиро ҳамчун як низоми ҷудогона ҳамоҳанг созад.

    Аз соли хониши оянда дар яке аз техникумҳои ҳар як минтақа барномаи эътирофшудаи байналхалқӣ ҷорӣ карда мешавад. Хатмкунандагони онҳо соҳиби тахассуси байналмилалӣ ва шаҳодатномаи забони хориҷӣ хоҳанд шуд. Меъёрҳои пешрафтаи сифат барои таҳсил ва таълими касбӣ низ ҷорӣ карда мешаванд.

    Омӯзиши касбу ҳунар дар мономарказҳо дар асоси фармоиши корфармоён ба роҳ монда мешавад, ки ин омили муҳими бо кор таъмин намудани хатмкунандагон мегардад.

    Ба масъулин дастур дода шуд, ки барномаи рушди заминаи моддию техникии низоми таҳсилоти касбиро то соли 2030 таҳия кунанд.