Дирӯз муовини вазири рушди варзиш Абдулла Аслонов ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Ойбек Қосимов дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов депутати Думаи давлатии Федератсияи Русия, чемпиони секаратаи олимпӣ, ғолиби 10-каратаи чемпионатҳои сайёра оид ба яхмолакбозӣ Ирина Роднинаро пешвоз гирифтанд.
Чорабиниҳои асосии форум имрӯз баргузор мешаванд. Доир ба самтҳо, аз қабили таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстона дар бахшҳои гуногун, ба сатҳи нав расонидани рушди ҳамкориҳо маърӯзаҳо ироа шуда, бо иштироки масъулин як қатор вохӯриҳо доир мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар рафти форумҳо онҳо ба як минбари марказии муколамаи шахсиятҳои барҷастаи элитаи илмӣ ва эҷодӣ, намояндагони мақомоти байнидавлатии ИДМ, сохторҳои дахлдори кишварҳои Иттиҳод табдил ёфтанд.
Дар пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳод бо иштироки роҳбарияти давлатҳои қабулкунанда чун анъана форумҳои зиёиёни эчодкор ва илмӣ гузаронида мешаванд. Дар анҷоми форум резолютсияи ниҳоӣ қабул мешавад.