Ғайр аз ин, адои намози ҷумъа дар масҷидҳо муваққатан боздошта шудааст.

Қисми боқимондаи намоз бояд дар майдонҳои кушоди масҷидҳо бо риояи тамоми талаботҳои карантин - дар ниқобҳо ва риоя ба  масофаи иҷтимоӣ баргузор карда шаванд. Даст додан ва оғӯш гирифтан дар масҷидҳо қатъиян манъ аст, иттилоъ медиҳад Идораи мусалмонони Ӯзбекистон.

Мусалмонон ҳангоми тақсим кардани гӯшти қурбонӣ бояд талаботи карантинро қатъиян риоя кунанд, то ки паҳншавии беморӣ ба қадри имкон пешгирӣ карда шавад.

Ҳангоми пандемия баланд бардоштани нархи хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар ашёи зарурӣ, ба вуҷуд овардани норасоии сунъӣ дар бозору мағозаҳо ва паҳн кардани паёмҳои гуногуни ташвишовар манъ аст.

Намози ёдбуд дар ҳузури хешовандони наздики марҳум хонда мешавад. Бигзор ҳамватанони мо баракати ҳуқуқи марҳумро дар хонаи худ, дар доираи оила бемайлон иҷро кунанд.

Ба онҳое, ки ҳарорати баланди бадан, сулфа ва аломатҳои дигари ин беморӣ доранд, инчунин пиронсолон ва кӯдакон тавсия дода мешавад, ки дар намозҳои муштарак ҳозир нашаванд.

Тавсия дода мешавад, ки бо пиронсолон ва беморон дар тамос бошед, инчунин суннатҳои марбут ба ҷашни иди Қурбон ва дигар анъанаҳои миллиро тавассути ВАО ба роҳ монед.