Даври дуюми интихоботи президентӣ дар Молдова: Майя Санду пирӯз шуд

    Рӯзи якшанбеи гузашта, 3 ноябр, даври дуюми интихоботи президент дар Молдова баргузор шуд. Сарвари кунунии давлат Майя Санду пирӯзии худро эълон кард.

    Майя Санду, ки ҷонибдори ҳамгироии аврупоӣ аст, аз пирӯзӣ дар даври дуюми интихоботи президентӣ хабар дод. Ҳисоби овозҳо ҳанӯз ба анҷом нарасидааст, вале рақиби ӯ, собиқ прокурори генералии кишвар Александр Стояногло, дигар имкони расидан ба ӯ надорад.

    Майя Санду ба шарофати овозҳои молдованҳои муқими хориҷа пирӯз шуд.

    То соати 3.30 дақиқаи вақти маҳаллӣ, вақте ки овозҳои 98,9 фоизи қитъаҳои интихоботӣ ҳисоб карда шуданд, Майя Санду бештар аз 55 фоиз, Стояногло камтар аз 45 фоизи овозҳоро гирифтанд.

    24.kg менависад, ки охирин овозҳо аз қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷ ҳисоб карда шудаанд ва шумораи зиёди молдованҳои муқими Аврупо аксаран аз президенти феълӣ пуштибонӣ мекунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates