Рейтинги мактабҳои олии ҷумҳурӣ эълон шуд

    Рейтинг аз рӯи натиҷаҳои омӯзиши тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон бинобар меъёрҳои зерин тартиб дода шудааст: фаъолияти илмии ҳайати профессорию омӯзгорӣ, фаъолияти таълимию методӣ ва сифати таълим, сифати дониши донишҷӯён ва хатмкунандагон, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Инспексияи давлатии назорати сифати таълим Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии кишоварзии Тошканд беҳтарин мактаби олии Ӯзбекистон дониста шуд. Дар ҷои дуюм Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон қарор дорад. Сеюм — Академияи тиббии Тошканд. Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз сатри чоруми рейтинг, панҷум Доинишкадаи молияи Тошканд ҷой гирифт.

    Ба ТОП-10 Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти Тошканд, Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд, Донишкадаи давлатии кони ба номи Навоӣ ва Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро низ шомиланд. Дар баробари онҳо дар рейтинг Донишкадаи политехникии Фарғона, Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав, Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах, Донишкадаи тиббии Қароқалпоқистон, Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯқанд, Донишкадаи давлатии омӯзгории Нуқус, Донишкадаи давлатии меъморию сохтмони Самарқанд ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ ҳастанд.

    Инчунин, қайд гардид, ки дар тӯли се соли охир иқтидори илмии муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна ба 4,2 фоиз афзуд. Агар дар соли 2017 мактабҳои олӣ дар натиҷаи фаъолияти илмию тадқиқотӣ 49,7 миллиард сӯм гирифта бошанд, дар соли 2020 -- 193,3 миллиард (беш аз 18 миллион доллар) гирифтанд.

    Шумораи омӯзгорони дорои дараҷаи илмии доктори илм ё унвони профессор, ба 2477 нафар (соли гузашта 2147) нафар расид. Шумораи онҳое, ки унвони номзади илм (PhD) ё унвони дотсент доранд, ба 8710 нафар (соли гузашта 7963 нафар) расид. Теъдоди омӯзгороне, ки дар донишгоҳҳои ба рӯйхати 1000 донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон дохил дараҷаи PhD ё DSc гирифтаанд, ба 450 нафар (соли гузашта 402 нафар) расидааст.

    Ва шумораи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ нисбат ба соли қаблӣ ду баробар афзуда, ба 15 170 адад расид. Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ 1,5 баробар афзуда, ба 4760 нафар расид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates