Роҳбарон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла рушди муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, пешбурди барномаҳои мубодилаи фарҳангию инсонпарварӣ, инчунин идомаи ҳамкории босамар дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба вазъи кунунии минтақа дар заминаи рушди вазъ дар Афғонистон табодули назар карданд. Президенти Полша барои кӯмакҳои ҳамаҷониба дар амалӣ намудани амалиёти башардӯстона оиди эвакуатсияи шаҳрвандон аз Афғонистон ба Полша тронзитӣ тавассути қаламрави кишвари мо миннатдории самимӣ изҳор кард.

Дар бораи идомаи ҳамкории зич бо мақсади мусоидат ба танзими осоиштаи мушкилоти Афғонистон созиш ба даст омад.