Дар Маркази идоракунии рақамӣ дар бораи корҳое, ки тибқи стратегияи "Ӯзбекистон-2030 амалӣ карда мешаванд, маросими тақдимот баргузор гардид, ки дар он мақсади табдил додани мамлакати мо ба маркази минтакавии IT муайян шудааст. Ин ба бисёр омилҳо, аз қабили рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва соҳаҳо, такмили инфрасохтори коммуникатсионӣ ва рушди таҳсилоти IT вобаста аст.
Дар солҳои охир дар ин соҳаҳо дигаргуниҳои калон ба амал омаданд. Дар натиҷаи фароҳам овардани шароиту имтиёзҳо барои ширкатҳои соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ теъдоди чунин корхонаҳо ва ҷойҳои корӣ зиёд шуда, содироти хидматрасонӣ меафзояд. Аз ҷумла, агар дар соли 2017 теъдоди ширкатҳои IT дар кишвар 147 адад бошад, ҳоло ба 1600 адад расидааст. Шумораи ҷойҳои корӣ низ дар муддати кӯтоҳ 10 маротиба афзуда, аз 24 ҳазор нафар гузашт. Содироти саноат, ки дар соли 2017 ба 600 ҳазор доллар баробар буд, дар поёни соли ҷорӣ беш аз 300 миллион долларро ташкил медиҳад.
Имрӯз беш аз 8 миллион шаҳрвандон бо 570 намуди хидмати онлайн тавассути портали ягонаи my.gov.uz истифода мебаранд.
Муомилоти ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ тавассути системаи ягонаи интизоми иҷро - ijro.gov.uz 28 миллион ҳуҷҷатро ташкил дод.
Президент таъкид намуд, ки ин система масъулият ва муносибати роҳбаронро ба кор ба куллӣ тағйир дод, барои вусъат додани интегратсия ва сифати муомилоти ҳуҷҷатҳо, пурзур намудани назорат аз болои интизоми иҷро супоришҳо дод.
Дар соли 2022 кишвари мо дар раддабандии СММ оид ба ҳукумати электронӣ 18 зина боло рафт ва дар ҷои 69-ум қарор гирифт. Тадбирҳои солона барои ворид шудан ба 30 беҳтарин ин рейтинг то соли 2030 таҳия шудаанд.
Инчунин, дар стратегияи “Ўзбекистон-2030” мақсади то 5 миллиард доллар расондани ҳаҷми содироти IT-хидматрасонӣ ва маҳсулоти нармафзор гузошта шудааст. Барои ин чораҳои зиёд, ба мисли, рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва бозори венчурӣ дар минтақаҳо, ҳавасмандгардонии содироти корхонаҳои ватанӣ аз рӯи принсипи «local to global», кушодани намояндагиҳои ширкатҳои байналмилалӣ дар кишвари мо пешбинӣ шудааст. Пешниҳодҳо оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҷорӣ намудани қонунгузории англисӣ дар қаламрави IT-парк, дароз кардани имтиёзҳои андоз барои резидентҳо то соли 2040 ва умуман фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа барои 100 соли оянда баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат оид ба тарғиби имиҷи ягонаи кишварамон, муттаҳидсозии технологияҳои иттилоотӣ, сайёҳӣ ва иқтидори сармоягузорӣ супоришҳо дод.
Дар рафти тақдимот инчунин оид ба рушди таҳсилоти соҳавӣ маълумот дода шуд. Дар давоми 3 соли охир шумораи марказҳои таълимии технологияҳои иттилоотӣ ба беш аз 300 адад расид. Шумораи ҷавононе, ки дар доираи лоиҳаи "Як миллион барномасоз" омӯзишро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома шудаанд, 1,2 миллион нафарро ташкил дод. Аз соли гузашта ҷуброни то 50 дарсади хароҷоти омӯзиш барои гирифтани сертификатҳои байналмилалии IT ҷорӣ шудааст. 215 ҳазор нафар ҷавонон курсҳои байналмилалии онлайниро хатм намуда, соҳиби сертификат шуданд.
Дар идомаи ин корҳо аз соли оянда низоми ҳамасола интихоб, таълим ва омодасозии 5 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманд барои бозори байналмилалии меҳнат ҷорӣ карда мешавад. Дар вилояти Хоразм омӯзиш дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Ворисони Ал-Хоразмӣ” оғоз меёбад. Дар маҷмӯъ, дар назар аст, ки 300 ҳазор ҷавон бар асоси барномаҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ширкатҳои байналмилалӣ дар ин соҳа омӯзонда ва ба кор таъмин карда шаванд.
Дар ин ҷо шахсони масъул дар бораи барномаи назорати истифодабарии обанборҳо ва сарватҳои зеризаминӣ аз рӯи маълумотҳои ҷуғрофӣ ҳисобот доданд.
Президент бо шароите, ки дар идораи ягонаи интегратори вазорат – «Узинфоком» фароҳам оварда шудааст, шинос шуда, бо мутахассисон суҳбат кард.
– Шумо такягоҳи боэътимоди мо дар ислоҳоти ҳозира мебошед. Дар оянда эҳтиёҷот ба шумо барин мутахассисони касби худ, боло хоҳад рафт. То ҳар як соҳа ва минтақа бо технологияҳои рақамӣ ҳамқадам пеш наравад, кишвар рушд намекунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ин ҷо дар бораи лоиҳаҳои идентификатсияи биометрӣ дар асоси зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳисобҳои барқ маълумот дода шуд. Сарвари давлат зарурати такмили фаъолияти рақамии соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус тандурустиро таъкид кард.
Ба Президент дар бораи шаҳраки IT Village, ки дар ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд сохта шудааст, маълумот дода шуд. Маҷмӯи мазкур барои ҷалби хонандагони синфҳои 1-9 ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва ба онҳо омӯзонидани малакаҳои ибтидоии IT равона шудааст.
Сарвари давлат дастур дод, ки дар ҳама минтақаҳо чунин маҷмӯъҳо таъсис дода шаванд.