Президент бо ҷавонон мулоқот анҷом дод

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 28 июн бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳо ва баррасии вазифаву пешниҳодҳои нав дар соҳаи сиёсати ҷавонон ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Дар аввали ҷамъомад ба самаранокӣ ва миқёси корҳои иҷрошаванда эътибор дода шуд. Дар тӯли ҳафт соли охир беш аз 100 қонуну қарорҳои ба ҷавонон марбут қабул гардида, ба онҳо зиёда аз 200 имтиёз дода шуд.

    Танҳо аз як имконияти қарзҳои таълимӣ 151 ҳазор нафар ҷавонон истифода карданд. Пардохти шартномаи 110 ҳазор донишҷӯ аз оилаҳои камбизоат таъмин карда шуд.

    Ба воситаи Фонди «Эл-юрт умиди» 50 нафар ҷавонон донишгоҳҳои бонуфузтарини ИМА ва Британияи Кабирро хатм намуданд. Дар айни ҳол миқдори ҳамватанони мо, ки дар он ҷо таҳсил мекунанд, аз 200 нафар гузаштааст. Дар маҷмӯъ 110 ҳазор нафар ҷавонони мо дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.

    Ба туфайли ҷорӣ кардани низоми баҳодиҳии мактабҳои президентӣ дар 500 мактаб дар як сол сатҳи азхудкунии дониш аз 53 то 60 фоиз афзоиш ёфт. Ин низом аз соли нави таҳсил боз дар ҳазор мактаб ҷорӣ карда хоҳад шуд.

    Соли ҷорӣ беш аз 14 ҳазор нафар талабагон мактабро бо медалҳои тилло ва нуқра тамом карданд. Миқдори медалҳо, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии «Панҷгонаи бузург» ба даст оварда шудаанд, дар чаҳор соли охир ду баробар афзоиш ёфтааст.

    Ба туфайли қарзҳои дар доираи барномаи «Соҳибкории оилавӣ» ҷудошуда 1 миллион нафар ҷавонон бо ҷои кор таъмин гардиданд. Дар айни ҳол 1500 нафар соҳибкорони ҷавон тиҷорати худро доранд, ки гардиши мол аз 1 миллион доллар зиёд аст.

    Сарвари давлатамон қайд намуд, ки ҷавонон дониши зиёд ва ғояҳои нав доранд ва барои онҳо шароит боз ҳам васеъ гардонда мешавад.

    Аз ҷумла, барои рушди босуръати кишвари мо касби «инқилоби чоруми саноатӣ» аҳамияти бағоят калон дорад. Бо ин мақсад низоми наве ҷорӣ карда мешавад, ки шавқу ҳаваси ҷавононро ба касбҳои вобаста ба физика, кимиё, биология, технология, муҳандисию математика баланд мебардорад. Дар 73 литсейи академии назди мактабҳои олӣ барномаҳои «Бакалавриати байналмилалӣ» ва «A-Level» ба сифати озмоиш ҷорӣ карда мешавад. Донишҷӯёне, ки аз рӯи ин барномаҳо шаҳодатнома гирифтаанд, дар асоси шартнома ба донишгоҳҳо бидуни имтиҳон қабул карда мешаванд.

    Донишҷӯёне, ки аз тести SAT беш аз 70 фоиз ба даст овардаанд, ба донишгоҳҳои кишварамон дар асоси грант қабул карда мешаванд.

    Барои ҷавонони имконияташон маҳдуд бобати супурдани имтиҳонҳо барои ба даст овардани шаҳодатномаи миллӣ оид ба забони хориҷӣ дар компутер шароит фароҳам оварда мешавад.

    Сарфи назар аз он ки ҷавонони мо дар қисмати назариявии олимпиадаҳои байналмилалӣ ҳамеша натиҷаҳои баланд ба даст меоваранд, дар иҷрои машқҳои лабораторӣ онҳо холҳои паст мегиранд. Аз ин рӯ, дар назди Агентии мактабҳои президентӣ Маркази омодакунӣ ба олимпиадаҳо, ки бо лабораторияҳои махсус муҷаҳҳаз гардонда шудаанд, созмон дода хоҳанд шуд. Дастаи миллӣ барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар ин марказ тайёр карда мешаванд. Олимони соҳибихтисос ва мутахассисони хориҷӣ аз рӯи ҳар як фан ҷалб карда мешаванд.

    Фанҳои курсҳои якум ва дуюми таълими олӣ бо техникумҳо якҷо карда мешаванд. Ба ҷавононе, ки техникумҳоро бо баҳои хуб хатм мекунанд, дипломи ба таснифгари байналмилалӣ мутобиқ дода мешавад. Ба онҳо имконият фароҳам оварда мешавад, ки аз курси дуюм ва ё сеюм дар асоси қарордод таҳсилро дар мактаби олӣ давом диҳанд. Ҷавононе, ки ихтисоси зарурии касбӣ ва собиқаи дусолаи корӣ доранд, ба мактабҳои олӣ дар асоси қарордод аз рӯи тавсияи корхонаҳо қабул карда мешаванд.

    Акнун барои лабораторияҳои ба мактабҳои олӣ, вазоратҳо ва корхонаҳо алоқаманд, платформаи ягонаи онлайн ташкил карда мешавад. Чунин марказҳои илмӣ дар Донишгоҳи техникии Тошканд, донишгоҳҳои давлатии Самарқанд ва Урганҷ ташкил карда хоҳанд шуд. Таҷҳизот, ҷузъҳо ва реактивҳои кимёвӣ, ки барои тадқиқоти олимони ҷавон заруранд, аз пардохти боҷ озод карда мешаванд.

    Дар айни ҳол беш аз 50 ҳазор нафар ҷавонон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба сифати худкор фаъолият доранд. Барои чунин ҷавонон, ки арзиши иловагӣ фароҳам оварда, хидмат содир мекунанд, имкониятҳои бузург кушода мешаванд.

    Аз ҷумла, аз 1 август ин гуна мутахассисони соҳаи IT-и худкор мақоми резиденти IT- паркро мегиранд. Онҳо ба муддати се сол аз ҳама гуна андозҳо озод хоҳанд шуд. IT парк ба онҳо барои дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ, варзишӣ ва офисӣ «корти иҷтимоӣ» медиҳад.

    Ба касбомӯзии ҷавонон, ки даромади баланд ба даст меоранд ва зиёд намудани миқдори лоиҳаҳои арзиши иловагиашон баланд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Фонди соҳибкорони ҷавони назди Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо ба низоми Агентии оид ба кор бо ҷавонон дода мешавад. Фонд тамоми марҳилаҳои лоиҳаро аз ғоя то тиҷорати тайёр дастгирӣ менамояд. Дар 14 ноҳия марказҳои касбомӯзии «Инқилоби чоруми саноатӣ» ташкил карда мешаванд.

    Фонд дар минтақаҳои саноатии ҷавонон биноҳо сохта, ба ҷавонон барои татбиқи лоиҳаҳои арзиши иловагиашон баланд бо шарти «Ипотекаи саноатӣ» ба муҳлати ҳафт сол, дар ҳоле, ки дар соли аввал ҳеч гуна пардохт ситонда намешавад, пешниҳод менамояд.

    Дар ҳар як минтақаи яке аз марказҳои «Баркамол авлод» «Парки индустрияи креативӣ» созмон дода шуда, ба онҳо имтиёзҳои барои резидентҳои IT-парк пешбинишуда дода мешаванд. Ин ҷойҳо ба платформаи муоширати байни соҳибкорони ҷавон, илм ва тиҷорат табдил хоҳанд ёфт. Фонд барои стартапҳои ҷавонон ба муддати се сол то 100 миллион сӯм қарз медиҳад.

    Дар роҳҳои асосӣ 50 ҳазор нуқтаи савдои сайёр ташкил карда мешаванд, ки онҳо ба ҷавонон ба иҷора дода мешаванд. Дар шаш моҳи аввал ҷавонон аз иҷорапулӣ ва андоз озод карда хоҳанд шуд.

    Тавре ки маълум аст, дар аввали сол 4 миллион нафар ҷавононе, ки дар шароити вазнин қарор доранд, ба ҳоким, вазир ва роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ вобаста карда шуда буданд. Дар натиҷаи кори мақсаднок мушкилоти 420 ҳазор нафар ҷавононе, ки дар зиндагӣ ба мушкилот дучор омада буданд, ҳалли худро ёфта, 65 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин гардиданд. 1 миллион нафар ҷавононе, ки ба эътибори махсус эҳтиёҷ доранд, ба шуғлварзӣ бо варзиш оғоз намуданд.

    Ҳамин тариқ таъкид гардид, ки бояд ҷавонони тарбияашон душвор, ҷавононе, ки дар остонаи ҷудошавӣ мебошанд ва ба ҷинояткорӣ майл доранд, ба роҳи рост ҳидоят карда шаванд.

    Толорҳои варзишӣ ва стадионҳои мактабҳо, коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва китобхонаҳо барои ҷавонони маҳалла кушода мешаванд. Ҳамчунин эълон шуд, ки дар мавсими тобистон мусобиқоти варзишӣ, озмунҳои эҷодӣ ва рӯзҳои кино гузаронда мешаванд.

    Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо андешидани чораҳои бо кор таъмин намудани 350 ҳазор нафар ҷавонон ташкил карда мешаванд. Инчунин дар объектҳои сохтмон имкони ба кор ҷалб кардани 100 ҳазор нафар ҷавонон ҳаст.

    Дастгирии духтарон ва беҳтар гардондани шароити онҳо дар маркази эътибор қарор хоҳад дошт. Барои заноне, ки дар шароити вазнин қарор доранд, дар тамоми минтақаҳо хонаҳои иҷтимоии якҳуҷрагӣ сохта мешаванд. Онҳо метавонанд дар ин хонаҳо то ба кор даромадан ва ба по хестанашон се сол ройгон зиндагӣ кунанд.

    Духтароне, ки аз сабаби саломатӣ ба кор рафта наметавонанд, бо кори хонагӣ ё масофавӣ таъмин карда мешаванд. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёне, ки кӯдакони то сесола доранд, имкони гирифтани таълими масофавӣ дода мешавад.

    Ҷамъомад дар шакли муколамаи ошкоро идома ёфт. Ҷавонон аз манотиқи мухталифи кишварамон, инчунин онҳое, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, фикру андеша ва пешниҳодҳои худро баён доштанд.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки ташаббусҳоро ҷамъбаст намуда, ба лоиҳаи фармон дохил кунанд.

    – Мо минбаъд низ тамоми қувваю имкониятҳоямонро ба кор мебарем, то ки ҷавонон дар ҳаёт ҷойи сазовор пайдо кунанд. Шумо умед ва такягоҳи кишвари мо, созандагони ояндаи мо ҳастед, – гуфт Президент дар хотима.


    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates