Сохтмони кӯпруке, ки ба воситаи он дар як вақт роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард аз болои Амударё мегузарад, давом дорад

    Шаҳришавӣ 10 Fevral 2022 993

    Мутахассисони КУ Трести «Куприккурилиш», ки мансуб ба ҷамъияти саҳҳомиии "Ӯзбекистон темир йуллари» мебошанд, кори сохтмони кӯпруки мазкурро бо суръат давом медиҳанд.

    То имрӯз дар қитъаи ба тӯл 80, 2 километр буда, дар асоси лоиҳа, мувофиқи нақша корҳои заминӣ анҷом ёфтааст. Дар айни замон, дар майдони бинокорӣ 115 адад техникаи замонавӣ ва 240 мутахассис масруфи коранд.

    Дар хати роҳи оҳани «Шовот - Гурлан - Джумуртау Койбакли» аз 4 514,20 ҳазор метри мукааб корҳои зери заминӣ 94 фоизи кор ба сомон расидааст, ки ин 4059,4 ҳазор метри мукааб мебошад.Аз ҳаҷми умумии кори сохтмон 80,2 километр роҳи оҳан 14,2 километраш, ки 16 фоиз мешавад, иҷро шудааст. Аз 233 иморати конструксияҳои сунъии обгузар дар 162 тоаш корҳои бинокорӣ-васлкунӣ анҷом ёфтааст.

    Ёдоварӣ мекунем, ки аз рӯи ин лоиҳа, ки сохтмони 80,2 километр роҳи оҳан

    пешбинӣ шудааст, дар он ҷо ду гузаргоҳи посбонишаванда ва 18 гузаргоҳи роҳи оҳани бе посбон бунёд мешавад. Ба ғайр аз ин, сохтмони чаҳор роҳи мошонгузаронанда ва нӯҳ кӯпрук ба нақша гирифта шудааст.

    Ҳамчунин, дар ин участкаи кор бунёди се вокзали роҳи оҳан вокзали ғунҷоишаш ба нақша гирифта шудааст. Яке аз ин вокзалҳо дорои зал барои 25 мусофир ва зали ду вокзали дигар барои 50 нафар пешбинӣ шудааст.

    Кӯпруки мазкур ба тӯл 413 метр буда, арзи васегиаш 8 метр, равоқи ҳар яки он -- 66 метр буда, аз рӯи лоиҳа ҳашт сутун ва шаш равоқ сохта мешавад. Айни замон дар ҳар ду соҳил корҳои сохтмону ободонӣ дар авҷ аст. Зина ба зина таҳкурсии кӯпрук насб карда мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёт.