Ба аҳолӣ ва ташкилотҳои бинокорӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда мешаванд

    Ҳукумат 2 Dekabr 2021 5263

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 2 декабр оид ба масъалаҳои рушди саноати масолеҳи сохтмон ва бо манзил таъмин кардани аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Дар бобати беҳтар намудани шароити манзилии халқамон корҳои васеъмиқёсӣ бунёдкорӣ бурда мешаванд. Дар панҷ соли охир бештар аз 140 ҳазор манзилҳои нав ва хонаҳои истиқоматии индивидуалӣ сохта шуд.

    Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмил додани механизми қарздиҳии ипотекӣ” аз 28 ноябри соли 2019 тартиби гирифтани вомҳои ипотекӣ содда гардонда шуданд. Аз ҷумла, дар қарзгирандагон имконоти интихоби манзил васеъ гардид. Дар натиҷа сифат ва рақобат дар соҳа афзоиш ёфта, дар минтақаҳо лоиҳаҳо бо ҳалли меъмории замонавӣ амалӣ карда мешаванд. Айни замон дар доираи барномаҳои ипотека ҳамасола 35 ҳазор хона сохта мешавад.

    Бо вуҷуди ин, пешниҳод дар бозори ипотекӣ нисбат ба талаботи имрӯза камтар аст. Хусусан, квартираҳои миёнае, ки дар байни аҳолӣ бештар талабот доранд, намерасанд.

    Ба ғайр аз ин, 950 хона ба маблағи 225 миллиард сӯм аз сабаби мақбул набудани ҷойи воқеъ ва нарх ба фурӯш нарафтаанд. Дар як қатор ноҳияҳо аз сабаби кашол ёфтани савдои музоядаи қитъаҳои замин оғози сохтмони манзил кашол ёфта истодааст. Дар натиҷа маблағхое, ки давлат барои қарзҳои мақсаднок ҷудо мекунад, истифода нашуда мемонанд. Бисёр ҳокимони вилоятҳо ва чонишинони онҳо оид ба сохтмон ҳангоми интихоби пудратчиён бо 2-3 ташкилот маҳдуд мешаванд, ки ин ба сифат зарар мерасонад.

    Дар вилояти Самарканд низоми хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳокимияти вилоят кори мураттаби лоиҳакашон, сохтмончиён ва бонкҳоро ташкил намуда, сохтмони манзилҳои арзонро таъмин карда тавонист. Аз ин ру, дар вилоят чи дар бобати истифода бурдани субсидия ва чи дар бобати азхуд кардани ресурсҳои кредит нишондиҳандаҳои баланд мавҷуданд.

    Соли оянда аз рӯи барномаҳои ипотека дар кишвар бунёди ҳудуди 50 ҳазор квартира дар назар аст. Барои ин ҷудо намудани қариб 13 триллион сӯм вомҳои мақсаднок ва 1 триллиону 300 миллиард сӯм сусид ба нақша гирифта шудааст.

    Дар ҷамъомад корҳои дар ин самт дар пешистода муҳокима гардида, барои аҳолӣ ва бинокорон имкониятҳои нав муайян карда шуданд.

    Имрўз дар қарздиҳии ипотека ё ҳангоми гирифтани субсидия маҳдудият дар масоҳату арзиши манзил вуҷуд дорад. Акнун ин гуна маҳдудиятҳо бардошта мешаванд.

    Минбаъд ба аҳолии камтаъмин барои додани як қисми ҳиссаҷудокунии ибтидоӣ сарфи назар аз масоҳат ва арзиши квартираи харидашуда ба маблағи 32 миллион сӯм ёрдампулӣ ҷудо карда мешавад. Андозаи ставкае, ки ба аҳолии камдаромад аз тарафи давлат ҷуброн карда мешавад, барои ҳамаи минтақаҳо як хел — 10 банди фоизӣ муқаррар карда шудааст. Барои қарзҳое, ки барои сохтмон ва таъмири манзили индивидуалӣ гирифта шудаанд, инчунин ёрдампулӣ дода мешавад.

    Навоварии дигар ин аст, ки шахсоне, ки хешу табори қарзгир нестанд, метавонанд дар гирифтани қарзи ипотекӣ низ ба сифати зомин бароянд.

    Шурӯъ аз соли оянда занони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, ятимон ва маъюбон низ ба ипотека дар бозори дуввум дастрасӣ пайдо мекунанд.

    Сарвари давлат дастур дод, ки марказҳо ташкил карда шаванд, ки дар онҳо маълумот дар бораи манзилҳои нав, машварату хизматрасонӣ оид ба бақайдгирӣ, субсидия ва қарздиҳӣ ба таври ҳамаҷониба пешниҳод карда мешавад.

    Пешбинӣ шудааст, ки механизми “депозити мақсадноки ипотека” ҷорӣ карда шавад, ки дар он байни харидор, бонк ва сохтмончӣ шартномаи сеҷониба баста шуда, харидор сохтмончиро тавассути бонк маблағгузорӣ мекунад ва бонк кафолати саривақтии манзилро ба харидор медиҳад.

    Ба пудратчиён инчунин иҷозат дода шудааст, ки биноҳои истиқоматии нотамом, вале бомпӯшро ҳамчун гарав барои қарз пешниҳод кунанд. Амали тартиб дароз карда мешавад, ки мувофиқи он Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба ташкилотҳои бинокорӣ кафолату ҷубронпулӣ пешниҳод мекунад.

    Ба пудратчиёне, ки дар рейтинг мавқеи баланд доранд, ҳангоми хариди замин дар савдои музояда иҷозат дода мешавад, ки аввал 30 дарсади маблағро ба пасандоз гузоранд ва боқимондаро дар давоми 12 моҳ қисм-қисм пардохт кунанд.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки ин қулайҳоро ҷорӣ намуда, ба аҳолӣ ва соҳибкорон васеъ фаҳмонанд.

    Ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки нисбати беасос зиёд нишон додани арзиши сохтмон, ҳолатҳои вайрон кардани рақобат, худсарона тағйир додани лоиҳаҳои тасдиқшуда, хешутаборбозӣ назорати қатъӣ муқаррар намояд.

    Дар ҷамъомад масъалаҳои таъмин намудан бо масолеҳи бинокорӣ низ муҳокима карда шуданд. Зикр гардид, ки ташкили кластерҳо дар ин самт афзалтар аст.

    Масалан, дар вилоятҳои Тошканд ва Навоӣ кластерҳо созмон дода шуданд, ки 80 фоизи конструксияҳои сохтмонро истеҳсол намуда, корҳои пудратиро худашон ба анҷом мерасонанд. Дар натиҷа арзиши аслии 1 метри мураббаъ манзил 3,5 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Ин назар ба дигар ташкилотҳои бинокорӣ 20 фоиз арзонтар аст.

    Ба ҳамин муносибат мувофиқи мақсад будани созмон додани кластерҳои сохтмон дар ҳар як минтақа таъкид гардид.

    - Барои кам кардани хароҷоти инфрасохторӣ ин кластерҳо бояд дар атрофи манбаи ашёи хом ё корхонаҳои калон таъсис дода шаванд. Масалан, кластер дар Газгон самараи худро нишон дод. Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Ӯзбекистан 11 корхонаи истеҳсоли симон, гипсокартон, оҳану бетон, маснуоти металлӣ, омехтаҳои хушк ба кор андохта мешавад. Агар дар шафати онҳо марказҳои логистика, тадқиқотҳои илмӣ ва инноватсияҳо, лабораторияи замонавӣ, шуъбаи таҳлилӣ созмон дода шаванд, кластерҳои дар содирот ва базорҳои дохилӣ рақобатпазир пайдо мешаванд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Бинобар ақидаи коршиносони хориҷӣ, ноҳияҳои Фориш, Сариосиё, Бӯлоқбошӣ, Қаровулбозор, Пахтачӣ, Чуст, Оҳангарон ва дигар ноҳияҳо низ чунин имконот доранд. Ба ин муносибат, ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки 24 ноҳияро ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ махсус гардонида, лоиҳаҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

    Соли оянда барои корҳои геологӣ дар ин мавзеъҳо 100 миллиард сўм ва барои инфрасохтори кластерҳои навтаъсис 200 миллиард сўм ҷудо мешавад.

    Ба ғайр аз ин, ба кластерҳои бинокорӣ вомҳои даврзананда ба андозаи 10 миллиард сӯм барои сарпур гардондани маблағи гардон, вомҳои дарозмуҳлат ба миқдори 2 миллион доллар барои хариди техникаи замонавӣ ва таҷҳизот, инчунин имтиёзҳои гумрукӣ ба 2 сол дода мешаванд.

    Тавре ки маълум аст, сифат ва давомнокии сохтмон бештар аз бисёр ҷиҳат ба масолеҳи истифодашуда вобаста аст. Аммо имрӯз дар кишвари мо истифодаи масолеҳи замонавии сохтмонӣ камтар аз 25 дарсадро ташкил медиҳад. Дар баробари ин истифодаи масолеҳи ҳозиразамон имкони ба 30 фоиз коҳиш додани муҳлати сохтмон, 20 фоиз – арзиши онро фароҳам меорад.

    Ба вазорати сохтмон зарурияти ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ дохил кардани материалҳои инноватсионии сарфакунандаи энергия ва дар сохтмони манзил васеъ истифода бурдани онҳо нишон дода шуд.

    Ба масъалаҳои трансформатсияи мактабҳои олии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, тайёр кардани кадрҳои ихтисоснок низ дахл карда шуд.

    Бинобар масъалаҳои муҳокимашуда шахсони масъул маълумот доданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates